Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 26–27 ноябр масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муаррифии дастовардҳо ва барномаҳои рушди мамлакат дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон бо фаъолони ҷамъиятӣ, донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон, роҳбарони ҷамъиятҳои маҳаллии тоҷикон ва дигар ҳамватанони бурунмарзӣ мулоқот баргузор карданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар рафти мулоқот намояндагони Сафорат масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва дурӣ ҷустани онҳо аз ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротиро таъкид намуданд. Аз ҷавонон даъват карда шуд, то зиракии сиёсиро аз даст надода, худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватанро ҳамчун арзишҳои волои миллӣ ҳифз намоянд.
Ҳамзамон доир ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун, таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалӣ, инчунин тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо маълумот пешниҳод гардид.
Иштирокдорони мулоқот доир ба эълон гардидани солҳои 2022–2026 ҳамчун «Солҳои рушди саноат», рушди саноатикунонии мамлакат ва саҳмгузорӣ дар таъсиси корхонаҳои муштарак мубодилаи афкор карданд. Ҳозирин ба саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардиданд.
Зимнан, масоили таҳким ва тавсеаи ҳамкории диаспораҳо, аз ҷумла мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки риояи қонунгузории кишвари иқомат ва сари вақт ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои будубош масъулияти аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд мебошад.
Намояндагони Сафорат бо фаъолияти Хонаи дӯстии халқҳои Тотористон шинос шуда, бо роҳбарияти он мулоқоти судманд анҷом доданд. Бояд таъкид кард, ки дар бинои Хонаи миллатҳо барои кӯдакони тоҷики муқими шаҳр омӯзиши забони модарӣ роҳандозӣ гардидааст. Хонандагон доир ба таъриху фарҳанги қадимаи миллати тоҷик, рамзҳои давлатии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти миллӣ маълумоти мухтасар гирифта, инчунин хурдсолон ба омӯзиши алифбои тоҷикӣ машғул мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






