ТАМОШОИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ БО ВОЛИДОН. Охирон маротиба кай бо фарзандатон ба мавзеъҳои таърихӣ рафтед?
ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қалъаи Ҳисор» — ёдгории қадимии Осиёи Марказӣ буда, таърихи зиёда аз 3000-сола дорад. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили қалъаи Ҳисор растаи дӯконҳои армуғонфурӯшӣ, ҳунарҳои мардумӣ, майдони аспсаворӣ ва нуқтаҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил ва фаъолият менамоянд, ки дар нуҳ моҳи соли равон 16 ҳазору 610 нафар сайёҳони хориҷию дохилӣ ин макони таърихиро тамошо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои директори Муассисаи давлатии Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор Сайфиддин Файзиддинов, аз ин шумора 3 ҳазор сайёҳон ба ин мавзеъ дар иду ҷашнҳо омадаанд. Инчунин 3910 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, 5492 нафар сайёҳони дохилӣ, 4208 нафар донишҷӯён ва хонандагон низ ин маконро тамошо намудаанд.
«Сайёҳон аз дӯкону мағозаҳои назди қалъа армуғонҳои гуногунро, ки маҳсули дасти ҳунармандони чирадасти шаҳри Ҳисор мебошанд, харида, бо худ ба ёдгор мебаранд. Дар водии Ҳисор бостоншиносон маданияти моддии қадимтарини одамонро дарёфт намудаанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор (ҳазораҳои VI-III-и пеш аз мелод) ном бурдаанд. Маснуоти шикорию рӯзгордории водии Ҳисор гувоҳӣ медиҳанд, ки ин сарзамин дар ин давра сераҳолӣ будааст», -афзуд Сайфиддин Файзиддинов.
Бунёди ёдгориҳои таърихию меъморие, ки дар мамнуъгоҳ то имрӯз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, аз қарни XI пеш аз мелод оғоз ёфта, то садаи XIX думбола мегиранд. Атрофи майдони Регистонро дижи қадим, силсилаи иншооти маданӣ-маърифатӣ, ҷомеавӣ-савдоӣ, ба монанди мадрасаҳои кӯҳна ва нав, корвонсарои хиштин, дарвозаи Арк, девори мудофиавии Ҳисор ва таҳоратхона иҳота кардаанд. Дуртар аз майдони Регистон, дар қисми ҷанубӣ мақбараи Махдуми Аъзам, дар қисмати ҷанубу шарқӣ масҷиди Сангин, масҷид ва мадрасаи Чашмаи Моҳиён воқеъ гаштаанд.
Б
а андешаи директори мамнуъгоҳ, тамошои «Қалъаи Ҳисор» ба омӯзиши таърихи халқи тоҷик ва шинос шудан бо ҷоннисориву қаҳрамониҳои фарзандони барӯманди миллати тоҷик мусоидат намуда, барои сокинони мамлакат, бахусус насли наврас ва ҷавон басе манфиатовар аст. «Зеро дӯст доштани Ватан аз донистани таърихи он шуруъ мешавад. Барои ин хуб мешуд, ки волидон якҷоя бо фарзандон ба тамошои чунин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ оянд ва сайру гашт ба маконҳои таърихиро ба ҳукми анъана дароранд. Ба ин васила онҳо метавонанд дар тарбияи ватандӯстии фарзандон нақши назаррас гузоранд», -иброз дошт Сайфиддин Файзиддинов.
Ҷалби ҷавонон ба хотири тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир, ки авҷи бархӯрди тамаддунҳо арзёбӣ мегардад, ба бофарҳанг намудани мардум, хосатан насли ҷавони мамлакат мусоидати фаъол менамояд.
Ба андешаи равоншиносон, дидани осори ниёгон, шунидани ҳикояҳои фидокорӣ ва ҷонбозиҳои онҳо дар роҳи озодӣ ва ободии Ватан дар қалби наврасон эҳсоси муҳаббат, садоқат ва ифтихорро бедор менамояд. Ин эҳсосот ба онҳо қувват мебахшад, то арзишҳои миллиро қадр кунанд, ба анъанаҳо эҳтиром гузоранд ва барои пешрафти давлати худ саъю кӯшиш намоянд.
Ҳисори бостонӣ ҷузъи ҷудонашавандаи рушду такомул ва камолоти халқи тоҷик мебошад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ҳифзу нигаҳдории ин ёдгориҳои нодири халқамон ғамхориҳои рӯзафзун мекунад. Дар муддати кӯтоҳ маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Ҳисор ба яке аз марказҳои сайёҳии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Яке аз нишонаҳои барҷастаи соҳиби таърихи қадимӣ будани миллати тоҷик шаҳрҳо, кӯшку қалъаҳо ва дигар ёдгориҳои меъморӣ ба шумор мераванд. Таҷдиду барқарорсозии ин ёдгориҳои фарҳангӣ имконият фароҳам меорад, ки сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ ба тамошои ин намунаи барҷастаи меъморӣ ва ёдгориҳои дорои таърихи куҳан бештар ҷалб карда шаванд».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
35 СОЛИ ПУР АЗ ШАРАФ, ПИРӮЗӢ, ДАСТОВАРД ВА ИФТИХОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Дар рӯзи имтиҳонҳои дохилшавӣ чӣ бояд кард?
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ДАР СОҲАИ ТИБ. Истиқболи донишмандон ва табибони Эрон аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад»
Ваҳдати миллӣ шарти асосии ҳифз, таҳким ва пойдории истиқлолият гардид
ҚОНУН «ДАР БОРАИ АВФ». Санади 18-уми башардӯстонае мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намудаанд
Профессори Донишгоҳи байналмилалиии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон: «Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ чун «Меъмори дипломатияи об» мешиносанд»
Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода: «Яке аз дастовардҳои муҳими Ваҳдати миллӣ эҳё ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад»
РӮЗИ ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ. Дар Тоҷикистон ташкили ин ниҳод яке аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолӣ мебошад
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ТАҲКИМБАХШИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИНИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ






