Изҳороти Прокуратураи генералӣ оид ба нақшаҳои иттиҳоди ҷиноятии Абдуҳалим Назарзода (видео)
Душанбе, 26.09.2015, (АМИТ «Ховар»). – Шоми дирӯз дар барномаи иттилоотии «Ахбор» гузориши Шабакаи якум, ки дар ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералӣ таҳия шудааст, намоиш дода шуд /видео/. Матни ин гузориши телевизионӣ чунин аст: «Генерал Назарзода Абдуҳалим Мирзо 7 сентябри соли 1997 дар қатори дигар размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин баҳри амалӣ намудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз 27 июни соли 1997 ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар вазифаи командири баталони 25-уми қисми ҳарбии 31001 дар вазифаҳои гуногуни раҳбарикунанда ва минбаъд муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 2010 то моҳи августи 2015 Назарзода Абдуҳалим Мирзо бо дастур ва роҳбарии раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, бо мақсади ташкил кардани иттиҳодияи ҷиноятӣ мунтазам ба собиқ размандагони иттиҳоди нерӯҳои мухолифин аз маблағҳои сарчашмааш ба тафтишот номаълум, аз 400 то 600 сомонӣ пул ва дигар кумакҳои моддӣ додааст. Баъдан, аз ҳисоби онҳо зиёда аз 20 гурӯҳҳои ҷиноятӣ дар ҳайати аз 10 то 30 нафар, дар умум тахминан иборат аз 300 нафар иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, роҳбарии умумиро ба зиммаи худ гирифтааст.
Дар фурсати тахминан аз соати расо 20 то 4-у 40 дақиқаи шаби 3-юм ба 4-уми сентябри соли 2015 Назарзода Абдуҳалим Мирзо бо маслиҳати пешакӣ бо сардори Раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиа, полковник Умаров Ҷунайдулло Сатторович, муовини фармондеҳи қушунҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳ, полковник Сафаров Назармаҳмад Муродович, сардори шуъбаи разведкаи ҳарбии қушунҳои хушкигард, полковник Юнусов Умар Кенҷаевич ва дигар ҳаммаслакони ҷиноятпешаи худ, аз ҳисоби собиқ хизматчиёни ҳарбии баталони 25-и қисми ҳарбии 31001, аз ҷумла Муродов Сарабек Баротович, Абдуллоев Зиёриддин Қодирович ва дигар нафарони айни ҳол шахсияташон барои тафтишот номаълум, ки ҳар яке аз онҳо гурӯҳи муайянеро сардорӣ мекарданд, нақшаи мусаллаҳ гардонидани аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ ва оғоз намудани ҳамлаи мусаллаҳонаро зидди намояндагони сохторҳои қудратӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат ва Рӯдакиро тарҳрезӣ карданд. Ба ин мақсад, Назарзода Абдуҳалим Мирзо бо сӯиистифода аз ваколатҳои хизматӣ ва истифодаи нақлиёти хизматии сохторҳои Вазорати мудофиа, якҷоя бо ҳаммаслаконаш ба бинои маъмурии Дастгоҳи марказӣ ва ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона даромада, аз он ҷо шумораи зиёди силоҳу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла 645 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 64 ҳазору 445 дона тирҳои қутрашон ҳархеларо тасарруф намуда, дар автомошинаҳои хизматии ҳарбӣ ва шахсиашон барои ба дигар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ тақсим намудан ба ҳудуди корхонаи хусусии нонпазии ба Назарзода Абдуҳалим Мирзо тааллуқдошта, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш-55 ғайриқонунӣ интиқол доданд.
Ҳамзамон бо супориши Назарзода Абдуҳалим Мирзо ва даъвати роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноятӣ зиёда аз 100 нафар аъзои он дар саҳни ҳавлии корхонаи мазкур ҷамъ омада, ба қисми зиёди онҳо сарулибоси ҳарбӣ пӯшонида, онҳо бо хости худ бо силоҳҳои оташфишони гуногунтамға ва моддаҳои тарканда мусаллаҳ гардонида шуданд.
Пас аз мусаллаҳ гардонидани ин гурӯҳҳо бо супориши роҳбари иттиҳоди ҷиноятӣ Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҷониби аъзои гурӯҳи ҷиноятӣ иборат аз 20-25 нафар бо роҳбарии ваколатдори калони оперативии мақомоти корҳои дохилӣ Абдуллоев Зиёриддин Қодирович, соати 4-у 42 дақиқа ба бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат, бо истифодаи силоҳи оташфишон ва моддаҳои тарканда, ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода шуд. Дар натиҷа, 3 нафар кормандони милитсия, инчунин роҳбар ва аъзои ин гурӯҳи ҷиноятӣ Абдуллоев Зиёриддин Қодирович ва Каримов Сайфулло аз ҷароҳати тири силоҳи оташфишон ба ҳалокат расида, се нафар кормандони милитсия ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтанд. Минбаъд тахминан, соати 5-у 30 дақиқа аз ҷониби аъзои дигари ин иттиҳоди ҷиноятӣ иборат аз 25-30 нафар, бо роҳбарии собиқ сардори Раёсати инспексияи ҳарбии Вазорати мудофиа полковник Умаров Ҷунайдулло Сатторович, дар буриши роҳҳои кӯчаҳои Айнӣ ва Аҳмади Дониш, яъне гардиши роҳи самти фурудгоҳи ҳавоии шаҳри Душанбе 5 нафар кормандони мақомоти милитсия, ки тибқи супориш барои дастгиркунии иштирокчиёни ҳуҷуми мусаллаҳона ба шуъбаи мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат сафарбар шуда буданд, бо истифодаи тири силоҳи оташфишони тамғаи автомати Калашников ба ҳалокат расида, ба 1 нафари онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ расонида шудааст.
Дар рафти тафтиш дар ҷойи ҳодиса, манзилҳои истиқоматӣ ва дигар ҷойҳои нишондоди дастгиршудагон зиёда аз 589 мил силоҳи оташфишони гуногунтамға ва 48 ҳазору 943 дона тирҳои қутрашон ҳархела ёфта гирифта шуданд. Инчунин, 34 адад силоҳи оташфишони гуногунтамға, ки аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон ғайриқонунӣ бо худ нигоҳ дошта мешуд, дарёфт гардиданд.
4-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби Прокурори генералӣ оид ба ин ҳолат нисбати Назарзода Абдуҳалим Мирзо ва дигар ҳамиштирокчиёни ӯ бо моддаҳои 187 (ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ), 199 (тасарруфи яроқу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), 104 (одамкушӣ), 181 (ғасби гаравгон), 179 (терроризм), 329 (таҳдид нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё хизматчиёни ҳарбӣ) ва 391 (сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақомоти хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Бо мақсади таъмини тафтиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаи ҷиноятӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи мақомоти прокуратура, корҳои дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣва мубориза бо коррупсия Ситоди фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуда, тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ ба роҳ монда шудааст.
То ин рӯз дар натиҷаи гузаронидани амалиёти таъҷилии фаврӣ-кофтукобии сохторҳои қудратии мамлакат 25 нафар аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ безарар ва 125 нафар узви гурӯҳи террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо, аз ҷумла 28 нафар бо ҳамкории фаъолонаи аҳолии маҳалӣ муайян ва дастгир карда шуданд. Мутаассифона, дар ин амалиёт 14 нафар хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки синаи худро баҳри ҳимояи Ватан сипар кардаанд, ҷони худро аз даст доданд.
Бар замми ин, дар рафти тафтиши пешакӣ молу мулки хусусии Назарзода Абдуҳалим Мирзо ба миқдори 9 корхона, 9 манзили истиқоматӣ, 56 адад воситаҳои нақлиёт ва техникаи хоҷагидорӣ муайян ва кофтукоб карда шуда, дар ҳабси молумулкӣ гузошта шуданд. Ҳамчунин, 3 манзилҳои истиқоматӣ, 1 бинои дуошёнаи иборат аз 27 ҳуҷра дар кӯчаи Зебуннисои шаҳри Душанбе, 2 адад хонаи истиқоматӣ иборат аз 20 ҳуҷра дар кӯчаи Айнӣ 265/2, 265/3 –и шаҳри Душанбе, қитъаи замин дар кӯчаи Айнӣ, бо 2 адад таҳкурсии бинои чорошёнаи сохтмонашон нотамом, корхонаи ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Бинокорсервис» дар масоҳати 0,70 гектар замин бо 20 адад воситаҳои нақлиёти сабукрав ва боркашонӣ, 1 адад экскаватори тамғаи «Хундай», 1 адад трактори МТЗ-80, 1 адад мошинаи борбардор, 4 адад сехҳои истеҳсолӣ, хоҷагии деҳқонии «Ҳусейнҷонӣ» иборат аз 25 гектар қитъаи замин дар ноҳияи Файзобод, фермаи чорво бо 48 сар чорвои калони шохдор, ки ҳамаи ин амволи зикргардида ба номи худи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар хешу табори наздикаш ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд, муайян гардида, мавриди кофтукоб ва дар ҳабси молумулкӣ гирифта шуданд. Арзиши умумии молу мулк, манзилҳои истиқоматӣ, корхонаҳо ва дигар амволҳои ёфтагардида зиёда аз 120 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти амалиёти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки рӯзи 16-уми сентябри соли ҷорӣ сурат гирифт, саркардагон Назарзода Абдуҳалим Мирзо, Умаров Ҷунайдулло Сатторович ва дигар ҳаммаслакони гурӯҳи террористии номбурда безарар ва дастгир карда шуданд.
Тафтиши парвандаи ҷиноятии мазкур идома дорад.