Муроҷиатномаи ҷавонон-кормандони соҳаи энергетикаи кишвар оид ба шадидан маҳкум намудани омилҳои номатлуби ҷамъиятӣ

Сентябрь 21, 2015 05:32

Душанбе, 21.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш бо ибтикори  Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон ва ШСХК «Барқи Тоҷик» дар толори ШСХК «Барқи Тоҷик» бо иштироки зиёда аз 150 нафар коргарҷавонони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ва меҳмонон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Кумитаи  кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои  ҳаракати  Ваҳдати  миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шўрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Сино, Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи  касабаи кормандони тандурустии Тоҷикистон,  Кумитаи ҷумҳуриявии  иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар инкишофи ҷомеаи муосир» баргузор гардид.
Дар конфронс иштирокдорон сухан гуфта, зикр намуданд, ки  воқеан ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдкор эътироф  шудаанд ва имрўз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон  берун  аст.
Дар конфронс аз тарафи энергетикҳои ҷавони ҷумҳурӣ ба тамоми ҷавонони ҷумҳурӣ муроҷиатнома қабул шуд, ки дар он аз ҷумла зикр шудааст:
“Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омўзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд.
Аз он қаноатмандӣ изҳор гашт, ки имрўз аксарияти ҷавонони мо бо азму иродаи  қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро аз худ намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири дастгирии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад. Аз ҷумла, дар ин давра ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ гардонда шуда, татбиқи як зумра барномаҳои дигар идома дорад. Ин санадҳо риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавононро таъмин намуда, ба боло рафтани мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии ҷомеа, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомўзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо мусоидат мекунанд.
Бо ин мақсад пешбарии ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда чун падидаи ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома меёбад. 
Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир баъзе ҷавонон ба ҷойи саъю талоши фаъолона дар роҳи илму донишомўзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар ва ширкат дар корҳои ободониву созандагӣ ба амалҳои номатлубе даст зада истодаанд ва чанде аз онҳо дар ҷанги Сурия ширкат меварзанд. Амали террористие, ки рўзи 4 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат аз тарафи дастаи авбошон бо сарварии хоини миллат Назарзода  Абдуҳалим (Ҳоҷӣ  Ҳалим) рух дод, мо онро шадидан  маҳкум менамоем. Ин  амалҳои тахрибкорона  шаҳодат медиҳанд, ки гурўҳҳои террористӣ мехоҳанд сулҳу субот ва амниятро, ки саодату шукуфоӣ ва пешрафти миллат ба онҳо вобастагӣ дорад, халалдор созанд. Онҳо рушду пешрафт ва ободии кишвари соҳибистиқлоламонро  нодида гирифта, ба ҳар восита меҳоҳанд  мақсаду  ниятҳои  нопокашонро пиёда кунанд, аммо  мардуми худогоҳу бедори тоҷик, ки рўзҳои сахтро аз сар гузаронидааст, ҳаргиз фирефтаи амалҳои хоинонаи онҳо намегарданд, ба қадри сулҳу ваҳдат мерасанд ва ҳамеша оромию осудагӣ ва сиёсати сулҳовару созандаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ менамоянд, ба бетараф набудан нисбат ба арзишҳои миллӣ, истиқлолият ва ваҳдату амнияти пойдор, тақдири имрўзу фардои обу хоки  диёр ва осоиштагии ҳар як хонадон даъват менамоянд.
Ҷавонони соҳаи энергетикии Тоҷикистон ҳамеша сулҳро бар ҷанг ва озодию истиқлолро бар истеъмор тарҷеҳ медиҳанд ва дар партави ваҳдату истиқлоли давлатӣ пайи густариши маънавиёти миллат камар мебанданд.”

 

 

Сентябрь 21, 2015 05:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«БЕҲТАРИН ЁРИ ВАФОДОР КИТОБ АСТ, КИТОБ». Имрӯз дар Душанбе беш аз 15 ҳазор нусха китоб ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 бо шарофати дастоварди варзишгарони Тоҷикистон 134 маротиба Суруди миллӣ дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ садо додааст
Дар Суғд барои дарёфти Ҷоизаи журналистони вилоят ба номи Ҳоҷӣ Содиқ озмун гузаронида мешавад
Пагоҳ дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 64 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Шаҳринав дорандаи корти бонкӣ мебошанд
«Бисоз Life»: 2,5 маротиба бештар суҳбат намоед!
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вобаста ба таҳким бахшидани ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши маърифатӣ-ҳуқуқӣ доир гардид
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамкориро бо Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ тақвият мебахшад