Муроҷиатномаи намояндагони диаспораи тоҷикони вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд
Душанбе, 16.09.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мо як гурӯҳ намояндагони диаспораи тоҷикони вилояти Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки имрӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем ва дар шаҳри Душанбею ноҳияи Рӯдакӣ осудаҳолона дар фазои орому осуда зиндагӣ дорем, хиёнати гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалимро қотеона маҳкум менамоем.
Ин амалӣ ноҷавонмардонаи гурӯҳи Назарзода Абдуҳалим ва тарафдорони ӯро, ки мақсади асосии онҳо ба миён овардани нооромӣ, бесуботӣ дар ҳудуди кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд, ҳисси нафрати моро нисбати онҳо бедор намуд. Назарзода Абдуҳалим, ки худ аъзои ҲНИТ ва собиқ Иттиҳоди неруҳои мухолифини давлат ба шумор мерафт, баъди гузаштҳо ва бахшишҳои давлат ба қадри боварии Ҳукумати Тоҷикистон нарасид. Ба халқи худ, миилати худ ва Ватани худ хиёнат кард. Ӯ ҳаёти осудаву осоиштаи кишварро напазируфта, даст ба хиёнати миллати тоҷик зад. Ҳодисаи 4 сентябри соли ҷорӣ рухдода бори дигар собит сохт, ки намояндагони ҲНИТ аз мақсадҳои ғаразноки худ ҳанӯз ҳам даст накашидаанд.
Бояд қайд намуд, ки мо тоҷикон як маротиба ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидем, тамоми халқ ва ҳамаи тоҷикистониён хуб медонанд, ки гунаҳкори сар задании ҳодисаҳои хонумонсӯзи солҳои 90-уми асри гузашта маҳз ҲНИТ ба ҳисоб мерафт. Онҳо бо ин амалашон мақсади боз ба хун оғушта намудани кишвари азизамонро дошта, ҷонибдори бесарусомониҳо ва номании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Бинобар ин мо тарафдори қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, гуфтанӣ ҳастем, ки ин ҳизб мақсад дорад, ки Тоҷикистонро бори дигар ба гирдоби ҳалокат дучор намояд ва нақшаҳои ғаразноки экстремистию террористии худашро амалӣ созад.
Каримов А., Раҳимзода Ф., Маҷидов А.,
Одиназода С., ҷамъ 12 имзо,
намояндагони диаспораи тоҷикони вилояти
Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






