Ошкор шудани як фоҳишахона дар Душанбе

Сентябрь 4, 2015 07:03

Душанбе, 04.09.2015 (АМИТ «Ховар»).-Кормандони милитсия мардеро дастгир карданд, ки хонаи истиқоматиро ба фоҳишахона табдил додааст.
Ба иттилои ВКД, зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 26-солаи сокини шаҳри Душанбе  бо гумони нигоҳ дошти фоҳишахона дастгир карда шуд. Гумонбаршуда  рӯзи 3-юми сентябри соли ҷорӣ  соати 16:00-дақиқа ҳуҷраи истиқоматиро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон мард ва зани 21-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ шароит фароҳам оварда, аз онҳо 226-сомонӣ гирифтааст. 
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш кормандони милитсияи вилояти Суғд занеро низ дастгир карда буданд, ки хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода буд.

 

Сентябрь 4, 2015 07:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад