Ширкати С.Аслов дар иҷлосияи 39-уми вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин
Душанбе, 25.09.2015 (АМИТ «Ховар»).- 24 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар иҷлосияи 39-уми вазирони корҳои хориҷии Гурӯҳи 77 ва Чин ширкат кард. Иҷлосия таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Маите Нкоана-Машабане баргузор гардид.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилот ва чолишҳои кишварҳои тараққикунанда, бахусус кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ дар раванди таъмини рушди устувор, аз ҷумла ба мушкилоти коҳиши камбизоатӣ, баландбардории сатҳи зиндагии мардум, коҳиши нобаробарӣ ва таъмини ниёзҳои асосии инсон, инчунин тағйирёбии иқлим ва таъсири ҷиддии он ба наслҳои оянда ҷалб кард.
С. Аслов инчунин аз кишварҳои узви гурӯҳ ҷиҳати дастгирӣ аз иқдоми нави Тоҷикистон роҷеъ ба роҳандозии Даҳсолаи нави байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” даъват ба амал овард.
Дар хотима вазирони корҳои хориҷӣ Декларатсияи вазирони Гурӯҳи 77-ро қабул карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






