Баррасии раванди таҳияи лоиҳаҳои Стратегияи миллии рушд дар Бадахшон

Октябрь 21, 2015 05:53

Хоруғ, 21.10.2015. (АМИТ   «Ховар»).-Дар шаҳри Хоруғ  бо иштироки  намояндагони вазорату идораҳо ва  намояндагони воситаҳои ахбори омма, мутахассисону коршиносон  оид ба  муҳокимаи  натиҷаҳои  раванди  таҳияи  лоиҳаҳои  «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи  то соли  2030» ва  шакли  кории   сохтори   «Барномаи  миёнамуҳлати  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои солҳои  2016-2020» мизи  мудаввар  доир гардид.  Дар он намояндагони   Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон   лоиҳаҳои  «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи  то соли  2030» ва  шакли  кории  сохтори   «Барномаи  миёнамуҳлати  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон   барои солҳои  2016-2020»-ро  таҳлил ва баррасӣ намуда,  зикр  доштанд, ки ин ду ҳуҷҷат,  пеш аз ҳама,  аз Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    сарчашма  гирифта, дар нақшаи   чорабиниҳои  ҷаласаи  Шӯрои  миллии рушди назди Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон  ва Форуми  рушди Тоҷикистон  мавриди  таҳлилу баррасӣ   қарор   дода  шудаанд. Ҳадафи нишаст  шинос  намудани  минтақаҳои  кишвар  бо натиҷаҳои  корҳои  анҷомдодашуда дар самти рушди мамлакат,  расонидани  мӯҳтавои  ҳуҷҷатҳои  мазкур ба  мутахассисони  маҳаллӣ  ва намояндагони  васоити  ахбори  омма  ва дар заминаи  таклифу  пешниҳоди  иштирокчиён боз ҳам  мукаммал  намудани ҳуҷҷатҳои  мазкур  мебошад. Дар ҷаласа  масъалаҳои  стратегӣ ва ҳамзамон   рӯзмарраи  кишвар, яъне  таъмини  рушди  устувор, коҳиш  додани  сатҳи  камбизоатӣ ва беҳдошти  некуаҳволии  мардум, дар заминаи  дуруст  муайян намудани  ҳадаф ва  афзалиятҳои  рушд  баррасӣ гардиданд. Латиф Шоҳзодаев,  сардори  бахши рушди иқтисоди вилоят зикр, ки  муҳлати  амалисозии  «Стратегияи  миллии  рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар давраи  то  соли 2015» ба охир  расида истодааст   ва тибқи дастуру супоришҳои  Президенти  мамлакат   зарурияти   омода намудани  «Стратегияи нави  миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030»  ба миён омадааст. Номбурда  арз дошт,  ки  Тоҷикистон  дорои минтақаҳои   аз  ҳам  тафовутдошта мебошад  ва ин   гуногунии шароиту   имкониятҳо бояд бештар ба инобат гирифта   шаванд.  Намояндаи Вазорати   рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон   Мустафо Абдуллоев зикр кард, ки  дар натиҷаи татбиқи хуби стратегияҳои рушди  сатҳи миллии  қаблӣ,    сатҳи ниёзмандии аҳолии  кишвар аз 53 фоизи  соли 2007  ба 32 фоиз дар соли 2014 расонида шуд.

 

Октябрь 21, 2015 05:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба хотири гиромидошти 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав ҳамоиши илмӣ доир шуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи май дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали об баргузор мешавад
Оид ба масъалаҳои мубрами филологияи Шарқ ва робитаҳои адабӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст
Сулҳофар, тоҷикпарвар, ваҳдатгаро, ташаббускор, роҳкушо, нурофар, сипаҳсолор — ҳафт сифати барҷастаи роҳбарии Пешвои миллат
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст