Дар натиҷаи заминларза дар Бадахшон 3 хона пурра ва 19 хона қисман хароб гардид

Октябрь 27, 2015 04:27

Душанбе, 27.10. 2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи заминларзае, ки дирӯз  дар қаламрави Тоҷикистон соати 14.09 вақти маҳаллӣ  ба вуқӯъ омад, бештари хонаҳои истиқоматӣ пурра ва қисман хароб гаштанд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ Ориф Нозимов, дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон девори ду хонаи истиқоматӣ пурра ва чор хонаи дигар қисман хароб гаштанд.
Дар деҳаи Хабости ноҳияи Роштқалъа ду хона қисман хароб гашта, се хона дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Бино ба гуфтаи О.Нозимов, сабаби асосии хароб гаштани ин хонаҳо ба меъёри сохтмонӣ ҷавобгӯй набудани биноҳо мебошад.
Бино ба иттилои котиби ҷамоати деҳоти Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим Шамс Суҳробов, дар ин деҳот тахминан 19 хонаи истиқоматӣ қисман хароб гашта, се хонаи истиқоматӣ пурра вайрон шудаанд. Истиқоматкунандагони се хонаи пурра вайрон гашта ба хонаи ҳамсояҳо кӯчонида шуданд. Инчунин шумораи зиёди иморатҳои ёрирасон, аз қабили оғилу анборхонаҳо зарар дида, кормандони ҳолатҳои фавқулода зарарро муайян  доранд.
Ба гуфтаи корманди КҲФ ва МГ дар ноҳияи Ишкошим, ба ҷуз се хонаи пурра вайрон гашта, дигар ҳамаи хонаҳои истиқоматӣ 40 % зарар дидаанд.
Дар ҷамоати Қозидеҳ ва худи маркази ноҳияи Ишкошим низ бештари хонаҳо зарар дида, шумора ва хисороти замилараза аз тарафи гурӯҳи кории кумита муайян карда мешаванд.
Ҳоло дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар мутахассисони КҲФ ва МГ қарор дошта, зарару хисороти заминларзаро муайян доранд.
Ба иттилои КҲФ ва МГ заминларзаи сахт дар вилояти Бадахшон ба қайд гирифта шуда, ҳоло дар минтақаи Хатлон ва Душанбе мутахассисони кумита кор бурда истодаанд. Бино ба иттилои пешакӣ дар ноҳияҳои  Ёвон ва Ҷ.Румӣ низ зарари заминларза ба қайд гирифта шудааст.
Гурӯҳи кории КҲФ ва МГ,  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, табибон ва равоншиносон бо сокинони зарардида кор бурда истодаанд.
Ба иттилои  Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон  маркази зилзила дар  километри 350-уми ҷанубу шарқии шаҳри Душанебе дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷойгир буда, қувваи зилзила дар маркази он 6-7 баллро ташкил дода, дар шаҳри Душанбе қувваи он ба 5-6 балл расид.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ баъди ҷамъбасти пурраи ҳодиса  маълумоти иловагиро  пешниҳод хоҳад кард.

Октябрь 27, 2015 04:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!