Эҳтиёҷ ба муаллим дорем

Октябрь 5, 2015 06:36

Душанбе, 05.10.15. (АМИТ «Ховар»).  Имсол Рӯзи  умумиҷаҳонии  муаллим таҳти  шиори  «Эҳтиёҷ ба  муаллим  дорем» таҷлил  мешавад. Солҳои  охир Рӯзи  муаллим  дар  Тоҷикистон  бо шаъну  шавкати  махсус таҷлил  мегардад. Ин  рӯз  одатан  дар Тоҷикистон ва  кишварҳои дигари  ИДМ рӯзи  якшанбеи  аввали   моҳи  октябр  таҷлил  мешавад.
Рӯзи  шанбеи  гузашта дар  бархе    макотиби  пойтахт чорабиниҳои ботантана роҳандозӣ  шуда, иштирокдорони онҳо муаллимонро табрик  намуда,  онҳоеро  ёдовар  шуданд, ки  чандин  насли  наврасро  ба  камол  расонидаанд. Дар  ин рӯз  омӯзгорони беҳтарин  бо  ифтихорномаҳо  қадр  карда шуданд. 
Имрӯз, 5  октябр, ба ифтихори  Рӯзи  умумиҷаҳонии  муаллим  дар   Литсейи  президентии  кӯдакони лаёқатманд  дарси  кушода  дар  мавзӯи «Муаллим,  номи  туро пос  медорам…» баргузор  мешавад. 
Рӯзи  муаллим, ки  соли  1994 чун  Рӯзи  умумиҷаҳонии  муаллим  таъсис  ёфта  буд, ҳар  сол 5  октябр  дар  беш  аз 170 кишвар  таҷлил  гардида,  иди  касбии ҳамаи омӯзгорон  ва кормандони соҳаи  маориф  ба шумор  меравад.

 

Октябрь 5, 2015 06:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!