М.Хидирзода: Падару модарон бояд барои бартараф намудани камбудиҳо мусоидат намоянд

Октябрь 21, 2015 05:56

Душанбе, 21.10.2015. (АМИТ «Ховар», ). — Гурӯҳи  корӣ дар ҳайати раиси ноҳияи Фирдавсӣ Ҷ.Таварзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила М.Хидирзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Ш.Самадов ва дигарон дар маҳаллаи Қаротегини шаҳри Душанбеи ноҳияи Фирдавсӣ бо аҳолии ин маҳалла мулоқот кард. 
 Дар мулоқот масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа, аз ҷумла пешгирии гароиши ҷавонону занон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, рӯ овардани занон ба фарҳанги бегона ва масъалахои дину дунявият мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Хидирзода гуфт, ки онҳо дар давоми 3 моҳи охир бори  сеюм аст, ки дар маҳаллаи мазкур бо сокинон вохӯрӣ мегузаронанд. Раиси кумита  бо мушкилоти занони маҳалла шинос шуда, вобаста ба  вайроншавии оилаҳо ва аз таҳсилот дур мондани духтарон ибрози ақида намуд ва изҳор кард, ки падару модарон бояд барои бартараф намудани ин камбудиҳо мусоидат намоянд.

 

Октябрь 21, 2015 05:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд