Мулоқоти вакилони парлумонҳои Тоҷикистон ва Беларус
Душанбе, 13.10.15. (АМИТ «Ховар»). Дар шаҳри Минск мулоқоти муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус Нурулло Оқилзода ва раиси комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Беларус оид ба тандурустӣ, тарбияи ҷисмонӣ, сиёсати бахши оила ва ҷавонон, роҳбари гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Парлумони Тоҷикистон Александр Тсепохо баргузор гардид.
Тавре ки сафорати Тоҷикистон дар Беларус хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи парлумонҳои Тоҷикистон ва Беларус мавриди муҳокима қарор гирифта, аз рӯи масоили такмили заминаи қонунгузорӣ, аз ҷумла, дар бахши маориф табодули афкор баргузор гардида, роҳҳои мувофиқат намудани лоиҳаҳои қонунҳои парлумонҳои ҳар ду кишвар муҳокима шуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки то охири соли равон дар шаҳри Минск вохӯрии гурӯҳҳои корӣ оид ба ҳамкории байнипарлумониро доир намоянд.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






