Ҷоми Президент насиби Муҳаммадмурод Абдураҳмонов шуд
Душанбе, 06.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар даври финалии сеюмин мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо варзишгари маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо рақибаш Александр Вахавяк аз Ҷумҳурии Беларус рақобат намуда, ғолиб баромад.
Ҳамин тавр, ҷои аввал насиби Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аз Тоҷикистон гардида, ҷойи дуюмро Александр Вахавяк аз Беларус ва ду ҷои сеюмро Фирдавс Насимов аз Тоҷикистон ва Энди Сантяго Алварес аз Куба соҳиб гардиданд.
Дар маросими пӯшидашавии сеюмин Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дзюдо, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба ғолиби ҷои аввал Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо ва маблағи калони пулӣ тақдим шуд. Ҳамзамон ғолибони ҷои дуввуму севум низ бо медал ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони 15 кишвари ҷаҳон, аз қабили Тоҷикистон, Афғонистон, Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Эрон, Миср, Муғулистон, Италия, Куба ва Юнон иштирок намуда, барои «Ҷоми Президент» дар вазни мутлақ миёни ҳам рақобат намуданд.
Масъулин мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкурро тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва рушди ин намуди варзиш арзёбӣ карданд.
Дар мусобиқа, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи дзюдои Тоҷикистон доир гардид, бештар аз 40 паҳлавон ширкат варзиданд.
Ёдрас мекунем, ки мусобиқаи мазкур аз соли 2013 инҷониб ҳамасола бо иштироки доираи васеи паҳлавонони Осиёву Аврупо, Африқову Амрико гузаронида мешавад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






