Русия хабари суқути мушакҳояш дар хоки Эронро рад кард
Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Вазорати дифои Русия эълом кард, ки Маскав иддаоҳо дар робита ба суқути мушакҳои партобшуда ба сўйи мавзеъҳои ДИИШ дар Эронро рад мекунад.
Сухангўи Вазорати дифои Русия генерал Игор Коношенко дар як баёния эълом кард, ки тамоми мушакҳои партобшудаи навъи «Калибр» бо муваффақият ба ҳадаф расиданд.
Шабакаҳои хабарӣ дирўз баъд аз зуҳр ба нақл аз мақомоти амрикоӣ эълом карда буданд, ки чор мушаки «Калибр», ки ба самти ДИИШ дар Сурия партоб шуда буданд, дар Эрон афтиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






