“Садои равшани субҳ” -баргузида аз сурудаҳои шоирони форсизабони Эрон

Октябрь 20, 2015 04:05

Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар ).-“Нашриёти Бухоро” бо ташаббуси Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон китоберо таҳти унвони “Садои равшани субҳ” аз чоп баровард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, “Садои равшани субҳ” баргузидае аз сурудаҳои шоирони форсизабони муосири Эрон мебошад, ки гирдоварӣ ва таҳияи ин асари гаронқадрро Маркази густариши забони форсӣ бар уҳда дошта, аз ҷониби корманди Китобхонаи миллии Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ аз хатти форсӣ ба сириллик баргардон шудааст.  
Китоби мазкур аз 118 сафҳа иборат буда,  дар бораи ҳаёт ва осори 55 шоири муосири Эрон  маълумот медиҳад. Ҳамзамон  намунае аз ашъори  ҳар як шоир оварда шудааст.
 “Садои равшани субҳ” барои боз ҳам густариш ёфтани муносибатҳои адабии ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабон  мусоидат менамояд.  

 

 

Октябрь 20, 2015 04:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад