Сафари донишҷӯён ба Чин
Душанбе, 1.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, бо дастгирии ширкати сохтмонии “Тиниал” як гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд ба ширкати сохтмонии “Довей” — и Ҷумҳурии мардумии Чин сафар карда, донишу таҷрибаашонро ғанӣ намуданд.
Донишҷӯён 10 рӯз бо тамоми таҷҳизоти нави сохтмонӣ, конструксияҳо ва металлҳои гуногун шинос гардида, бобати тарҳрезии чунин конструксияҳои сохтмонӣ маълумот гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари омӯзиши чунин навъи корбарии сохтмонӣ онҳо ҳамзамон бо тарзи омодашавии масолеҳи сохтмонӣ дар коргоҳи истеҳсолии ин ширкат ошноӣ пайдо намуданд. Баъди хатми ин курс ҳамаи донишҷӯён соҳиби сертификати курси бозомӯзӣ шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






