Талаби ваколатдори назди президенти Русия

Октябрь 19, 2015 05:11

Душанбе, 19.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Ваколатдори назди президенти  Русия  оид ба  ҳуқуқҳои  кӯдак Павел  Астахов  аз  ВКД  ва Прокурори генералии  ФР хоҳиш  намуд, ки  вазъияти фавти  писарбачаи  5 — моҳаи тоҷикистонӣ  дар  беморхонаи  Санкт — Петербургро  муфассал  тафтиш  намоянд,  хабар  медиҳад  РИА Новости.
Мувофиқи  маълумоти ВКХ Тоҷикистон,  13  октябр  кормандони Раёсати Хадамоти  федералии  муҳоҷирати   ноҳияи Адмиралтействои Петербург  ду  шаҳрванди  Тоҷикистонро  барои  вайрон  намудани  қоидаҳои қонуни  муҳоҷират  ҳамроҳи  писарашон   дастгир  намуда,  ба  шуъбаи  пулис  бурданд. 
Тибқи  маълумоти  ҳукуматдорони  Тоҷикистон,  дар  идораи  пулис  кӯдакро  аз дасти модараш  гирифтанд. Баъди содир шудани  қарор  дар  бораи ихроҷи  маъмурии   шаҳрвандон, модари  писар  барои гирифтани  фарзандаш  ба   шуъбаи  милиса  омад,  вале дар  куҷо  будани  кӯдакро  ба  вай  хабар надоданд. Субҳи  14  октябр  маълум  шуд, ки  кӯдак  фавтидааст. 
Мувофиқи  маълумоти  пешакӣ,  кормандони  идораи  пулис  рӯзи  13  октябр писарбачаро  ба   беморхонаи  кӯдакона бурда будаанд.  Тавре  ки  гуфта  мешавад,  сабаби  фавти  ӯ  беморӣ  будааст. Аз  рӯи  ин  қазия  тафтишоти  иловагӣ  гузаронида, сипас  рафтори  табибони  беморхона,  хадамоти  дигар,  ҳамчунин  волидайни   кӯдак  арзёбӣ  мегардад.
ВКХ  Русия  дар  навбати  худ  нисбати вафоти  писарбача изҳори  тасаллият  карда,  хабар  дод, ки барои  маълум  намудани  ҳамаи  вазъият  ба  ВКД,  Хадамоти федералии  муҳоҷират,  Вазорати тандурустӣ  ва Прокуратураи  генералии  Русия  дархостҳои дахлдор  ирсол  мешаванд.
                         

Октябрь 19, 2015 05:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!