Ҷаласаи корӣ дар КМИР ҶТ

Ноябрь 18, 2015 06:51

Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси КМИР Саидбой Зокиров ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи расонидани ёрии амалии комиссия ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барррасӣ гардид.
Хотиррасон бояд намуд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи кормандони дастгоҳи комиссия гурӯҳҳои корӣ ташкил  намуда, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мақомоти маҳаллӣ ёрии амалӣ расонида истодааст. 
Дар рӯзхои наздик гурӯҳҳои кории КМИР сафарҳои кории худро дар якчанд ноҳияҳои вилояти Хатлон ба анҷом расонида, ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши дахлдор пешниҳод менамоянд.
Инчунин КМИР Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи худро ба ҳайси нозири байналмилалӣ ба раъйпурсие, ки 6 декабри соли равон дар Арманистон оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ин давлат баргузор мегардад, равон менамояд.

Ноябрь 18, 2015 06:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад