Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ дар Хадамоти гумрук
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, шахсони масъули вазорату идораҳои дахлдор, соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ассотсиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Рӯзномаи маҷлис аз фаъолияти Шӯро дар ҳайати нав, масъалаҳои ташкилии фаъолияти Шӯро, тағйироту иловаҳо дар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти гумрукӣ (дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Киото), фаъолияти брокерони гумрукӣ ва иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ иборат буданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб доир ба фаъолияти мақомоти гумрук ва Шӯрои машваратию ҷамъиятӣ маърӯза кард.
Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис шудааст.
Мақсади Шӯро ҳамчун мақоми ҷамъиятию машваратӣ- ин пеш аз ҳама, мусоидат намудан дар асоси ҳамкории конструктивии мақомоти гумрук бо аҳли тиҷорат ва саноат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалб намудани сармояи хориҷӣ мебошад.
Ба ҳайати Шӯро намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, аҳли тиҷорат ва саноат дохил шудаанд.
Шӯро фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Хадамоти гумрук, Низомномаи Хадамоти гумрук, Низомнома ва регламенти кории Шӯро ба роҳ мемонад.
Шӯро дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, худидоракунӣ, шаффофият, мустақилият дар қабули қарорҳо доир ба масъалаҳои ба салоҳияташ дохилшаванда амал мекунад.
Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри такмили сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соддагардонӣ ва суръатбахшии расмиёти гумрукию гардиши тиҷорати хориҷии молу воситаҳои нақлиёт татбиқи вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
— баланд бардоштани сатҳи одоби ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
— мусоидат намудан ба амалӣ гардонии тадбирҳо ҷиҳати татбиқи ягонаи қонунгузории гумрукӣ;
— ҳамкорӣ бо Шӯрои машваратӣ оид ба кор бо иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, инчунин бо мақомоти машваратии назди мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ;
— тарғиби фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— таҳия намудани таклифҳо доир ба такмил ва соддагардонии шакл ва усулҳои назорати гумрукӣ, мубориза бар зидди вайронкунии қоидаҳои гумрукӣ, ки ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ содир мешаванд;
— таҳия ва ба мақомати дахлдор пешниҳод намудани таклифҳо оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
— мусоидат намудан ба амалӣ гардидани тадбирҳое, ки ба ҳифзи манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ ва истеъмолкунандагони молҳои воридотӣ равона шудаанд.
Тибқи банди 35-и Низомнома дар бораи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ ҷаласаҳои Шӯро дар се моҳ як маротиба гузаронида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд






