«Асарҳои пурқимати А. Афсаҳзод аз ҷониби олимони ҷаҳон эътироф гардидаанд»-бардошт аз конфронси илмии байналхалқӣ

Ноябрь 18, 2015 10:44

Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Ховаршиноси маъруфи тоҷик, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор, узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи ходимони театрӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи байналмилалии «Баҳори озодӣ» (Ҷумҳурии исломии Эрон) шодравон Аълохон Афсаҳзод аз зумраи донишмандони бузурги илми ховаршиносии ватанӣ буда, тамоми рӯзгори эҷодии пурбаракати худро вақфи соҳаи мазкур дошта, дар пешрафту равнақи бемайлон ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани он саҳми беназир гузоштааст»,- зикр намуд Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои ҶТ имрӯз, 18-уми ноябр дар конфронси илмии байналхалқӣ бахшида ба 80- солагии зодрӯзи адабиётшиноси маъруфи тоҷик Аълохон Афсаҳзод. 
Шодравон донандаи хуби арзишҳои миллӣ- забонҳои тоҷикӣ, форсӣ арабиву русӣ ва таълимоти гуногуни сиёсӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни ховаршиносии   ватанӣ, адабиётшиносӣ, матншиносӣ, таърихшиносӣ ва диншиносӣ бештар аз 600 мақолаи илмӣ, илмӣ-оммавӣ беш аз 60 китобу рисолаи гуногунмӯҳтаво таълиф намуд, ки  зумрае аз онҳо дар нашрияҳои мухталифи Русия, Эрон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Озарбойҷон, Покистон,  Чехославакия ва баъзе аз мамолики араб  ба табъ расидаанд. А. Афсаҳзод дар ҷанбаву масъалаву мавзуоти гуногуни умумии адабиёти тоҷикии форсӣ-дарӣ, аксари классикони он, чеҳраҳои дурахшони адабиёти шӯравии тоҷик рисолаву мақолаҳои пурмуҳтаво ва хонданӣ таълиф намуда, ба сифати ҷомишиноси маъруфу мумтози олам шинохта шудааст.  
Мавсуф дар таҳияи куллиёти мероси Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва таҳқиқи осору рӯзгори ӯ беш аз 35 соли  умрашро харҷ карда, ба қуллаи баланди донишмандӣ ва маъруфияти касбӣ раҳ ёфтааст. 
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ аз хизматҳои арзандаи ин олими забардасти тоҷик ёдовар шуда, аз ҷумла зикр карданд, ки бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҷомишиносӣ дар Тоҷикистон низ дар тӯли солҳои зиёд ба яке аз самтҳои муҳим ва пурсамари адабиётшиносӣ табдил гардида, дар ин замина асарҳои пурқимати илмӣ, ба мисли таҳқиқоти пурмуҳтавои донишмандони шодравон Аълохон Афсаҳзод ва Мӯсо Раҷабов офарида шудаанд, ки имрӯз аз ҷониби олимони муътабари ҷаҳон эътироф гардидаанд. Таъкид гардид, ки  таҳқиқоти илмие, ки ҷомишиноси тоҷик шодравон Аълохон Афсаҳзод анҷом додааст, имрӯз миёни аҳли илму адаби кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрону Афғонистон эътибори хосса доранд. 
Дар конфронс раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар мавзӯи «Аълохон Афсаҳзод — адиби варзидаи тоҷик» ва узви вобастаи АИҶТ Мирзо Муллоаҳмадов доир ба мавзӯи  «Мактаби Аълохон Афсаҳзод дар рушду такомули фарҳанг ва худшиносии миллӣ» маърӯза карданд.
Хотироти дӯстону шогирдон ва ҳамсабақони шодравон  низ як дарси ибрат буд. 

 

Ноябрь 18, 2015 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад