Ҷашнвораҳои Тоҷикистон ба феҳристи ЮНЕСКО ворид гардиданд

Ноябрь 23, 2015 08:31

Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи муқаррароти ЮНЕСКО кишварҳои узви ин созмон метавонанд ҷашнвораҳои кишвари худро барои ворид кардан ба феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО пешниҳод намоянд. Баъд аз омӯхтани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшудаи ҷашнвораҳо, Конфронси генералии ЮНЕСКО қарорро дар бораи ворид кардани ин ҷашнвораҳо ба феҳристи ЮНЕСКО қабул менамояд.
Боиси хушнудист, ки тибқи қатъномаи Иҷлосияи 38-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба ҷашнгирии 1250- солагии олими тоҷик Ҳаким Тирмизӣ, 100 — солагии асосгузори хореографияи тоҷик, коргардону басаҳнагузорандаи операҳо, коргардони филмҳо ва рақсҳои миллии мардуми тоҷик Ғаффор Валаматзода ва пешниҳоди муштараки Тоҷикистону Эрон вобаста ба 1150- солагии Закариёи Розӣ ба феҳрасти ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2016-2017 ворид гардиданд.
Аз рӯи муқаррарот, ЮНЕСКО дар таҷлили ҷашнвораҳои ба феҳристи ин созмон воридгардида фаъолона ширкат меварзад.

 

 

Ноябрь 23, 2015 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад