Буҷети давлатӣ барои соли 2016 хусусияти иҷтимоии худро ҳифз кардааст
Душанбе, 18.11.2015.(АМИТ «Ховар»).- «Самти асосии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 ҷиҳати пешгирӣ намудани таъсири хатти ноустувори бозори молиявии имрӯзаи ҷаҳонӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии мардуми кишвар нигаронида шудааст», гуфт Абдусалом Қурбониён, вазири молияи ҷумҳурӣ дар Парлумони мамлакат зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016», ки имрӯз аз ҷониби вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат баъд аз муҳокимаи тӯлонӣ қабул гардид.
Абдусалом Қурбониён афзуд, ки ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016 -ум 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар қиёс нисбат ба буҷети соли 2015-ум 3,3 миллиард сомонӣ ё 19,8% зиёд аст. Хароҷоти буҷети давлатӣ дар соли 2016 дар доираи нишондиҳандаҳои даромад бо назардошти касри буҷет 0,5 % маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2015 ба маблағи 3,1 миллиард сомонӣ афзоиш меёбад, ки ин ба 32,2 % -и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
Вазири молия таъкид кард, ки Буҷети давлатӣ барои соли 2016 мисли буҷети солҳои қаблӣ хусусияти иҷтимоии худро нигоҳ дошта, танҳо 8,3 миллиард сомонӣ ба рушди бахши иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Аз ҷумла, ба соҳаи маориф 3,1 миллиард сомонӣ, тандурустӣ 1,3 миллиард сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа 3,1 миллиард сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 825,3 миллион сомонӣ ва илм 76,6 миллион сомонӣ равона мегардад. Инчунин ба рушди бахши сохтмон ва барқаросозии иншооти энергетикӣ,роҳҳои мошингард, рушди соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, бо оби нӯшокӣ таъмин кардани аҳолӣ ва инфрасохтори хоҷагии манзилию коммуналӣ дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли оянда 6,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, барои бахши сӯзишворию энергетикии кишвар 4,1 миллиард сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 846 миллион сомонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ 430,2 миллион сомонӣ, бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ 661,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар баррасӣ ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» муовини аввали сарвазири кишвар Давлаталӣ Саидов ва роҳбарону намояндагони кули вазорату идораҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.








Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад






