Хатлон: 29,1 млн юан барои ободонӣ
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар») — Тибқи иттилои Хайрулло Холов нозири техникии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб барои иҷрои лоиҳаҳои таъмирӣ — сохтмонии роҳҳо дар се марҳила 270 миллион юани чинӣ маблағи бебозгашт ихтисос дода мешавад. Корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдидро дар шаҳри Қӯрғонтеппа ширкати сохтмонии «Синдзиян Бейсин ЛТД»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба уҳда дошта, дар он 30 мутахассиси чинӣ ва 150 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Дар марҳилаи аввали иҷрои лоиҳаҳо дар шаҳри Қурғонтеппа 29,1 миллион юан барои таъмири 6 км 765 метр роҳҳои шаҳр, инчунин сохтмони роҳи зеризаминӣ дар кӯчаи ба номи Норинов, пули нав ва қубури обгузар дар ҷӯйи Хонум, хати фазлаоб дар кӯчаҳои Борбаду Норинов ва таъмири роҳ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров равона гардидааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






