Иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2015 08:11

Душанбе, 12.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-12 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи сеюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид. 
Дар иҷлосия 29 масъалаи марбут ба рушди  ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуд. Аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои  ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии  иқтисодии Чумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  инчунин ворид намудани тағйиру  иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи тухмипарварӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе  намудҳои фаъолият», «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи бақайдгирии  давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи истифодаи манбаъҳои   барқароршавандаи  энергия», «Дар бораи  бозори коғазҳои қиматнок» ва  «Дар бораи монополияҳои табиӣ»-ро  муҳокима ва ҷонибдорӣ намуданд.
Масъалаҳои мазкурро дар назди аъзои  палатаи болоии Парлумони кишвар раисони Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Бахтиёр Худоёрзода, Давлатшо Гулмаҳмадзода, Раҳмоналӣ Амирзода, инчунин  муовинони раисони  кумитаҳои  палатаи болоии Парлумон Меҳринисо Бобобекова ва Нуралӣ Шоев  тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки ворид намудани  тағийру иловаҳо ба қонунҳои мазкур, қабл аз ҳама ба  такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудани онҳо ба санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, таҳкими адолати судӣ, волоияти қонун, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон,  тақвияти иқтисодиёти кишвар, ҷалби сармоягузорон, рушди соҳибкорӣ ва бозори коғазҳои қиматнок, ҳифзи муҳити зист, содда гардонидани расмиёти ба фарзандхонӣ қабул намудани кӯдакон ва дар маҷмӯъ, ба беҳдошти  вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷомеаи кишвар нигаронида шудаанд.

Ноябрь 12, 2015 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд
Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хокбориш ба амал меояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво 16 дараҷа гарм мешавад
Масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо фаъолони ҷамъиятӣ ва донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳри Қазон мулоқот намуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дараҷаи тиллоии Хартияи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиёро ба даст овард
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд