Мизи мудаввар: Қонунгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, назария ва амалияи он
Душанбе, 27.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар мавзӯи «Қонунгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, назария ва амалияи он» мизи мудаввар дар Маркази миллии қонунгузорӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки сиёсати иҷтимоӣ-ҳуқуқии давлат, ки соҳаҳои мухталифро дар бар гирифтааст, ба ҳалли масоили муҳими иҷтимоӣ равона шудааст. Аз ин рӯ, ҷараёни инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи мазкур зарурати таҳлили қонунгузории иҷтимоиро дар шароити ҳозира тақозо менамояд.
Дар асоси барномаҳои давлатии тадбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012-2015 ва ба чанде аз қонунҳои мазкур тағйиру иловаҳо ворид шуда, ҳамчунин якчанд қонунҳои дигар дар таҳрири нав қабул гардид. Аммо бо вуҷуди ин имрӯз мушкилиҳое ҳастанд, ки дар самти ҳифзи иҷтимоӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар самтҳо ба назар мерасанд, гуфта шуд дар мизи гирд.
Дар идома иштирокдорон вобаста ба мавзӯоти гуногуни қонугузории ҳифзи иҷтимоӣ, низоми таъминоти нафақа, такмили низоми қонунгузорӣ ва тадбиқи ислоҳоти соҳа изҳори назар карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






