Оҳангсози асил инсонро ба созандагӣ ҳидоят мекунад
Душанбе, 26.11.2015. (АМИТ Ховар).-27 ноябри соли ҷорӣ дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон барномаи консертӣ бахшида ба эҷодиёти оҳангсози барҷастаи тоҷик Саид Ҳамроев баргузор мегардад.
Сюитаи рақсии «Кӯҳистонӣ», оҳангҳои «Лола» барои чанг ва оркестри созҳои миллӣ, «Сози ишқ» барои рубоб, «Сарахбор» ва «Ду сарахбор» барои фортепиано, «Фантазия» ва «Дили ман» барои най аз ҷумлаи оҳангҳои маъруфи эҷодкардаи Саид Ҳамроев дар тӯли фаъолияти эҷодӣ мебошанд.
Дар барномаи консертӣ сурудҳо аз оҳангҳои эҷодкардаи Саид Ҳамроев дар иҷрои ҳунармандони маъруфи кишвар- сардирижёр Давлат Қурбонов, Каримҷон Давлатов, Ҳамдам Миралиев, Саидаҳмад Табаров, Мастона Эргашева, Акбар Мирраҷабов ва дигарон иҷро мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






