Роҳзанӣ дар Душанбе ошкор шуд
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ сокини 25-солаи ноҳияи Шаҳритуз муроҷиат намудааст, ки 16 ноябри соли равон шахсони номаълум дар назди бинои №95-и кӯчаи Фирдавсии шаҳри Душанбе, бо таҳдиди корд аз ӯ куртка ва телефони мобилии тамғаи “Нокия х-2”-ро, ки арзишашон 600 сомониро ташкил медиҳад, гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ кормандони милитсия сокини 23-солаи шаҳри Душанбе, сокинони 19-сола ва 24-солаи ноҳияи Қубодиён ва сокини 24-солаи шаҳри Кӯлобро ҳамчун гумонбар дар ҷинояти роҳзанӣ дастгир намуданд.
Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






