Тасмими Олмон дар бораи ба Афғонистон ворид намудани қӯшунҳои иловагӣ
Душанбе, 19.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон тасмим гирифт, ки ҷузъу томҳои ҳарбии худро дар Афғонистон баробари 130 нафар зиёд намояд. Изҳороти дахлдор аз рӯи натиҷаи ҷаласаи девони вазирон дарҷ гардид.
Қарори мазкур аз рӯи натиҷаи арзёбии вазъи амнияти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бинобар аз кишвар хориҷ намудани қисми асосии ҷузъу томҳои қӯшунҳои хориҷӣ соли ҷорӣ хеле бад гардидааст, қабул шуд.
Баъди дар охири моҳи сентябр шаҳри Қундузи Афғонистонро ишғол намудани силоҳбадастони «Толибон» вазири мудофиаи Олмон Урсула фон дер Ляйен изҳор дошт, ки масъалаи ихроҷи қӯшунҳо мавқуф гузошта мешавад. Баъдтар ҳукуматҳои ИМА ва Британияи Кабир дар бораи тамдиди муддати ҳузури низомиён дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон қарор қабул карданд.
Алҳол дар Афғонистон қариб 850 нафар низомиёни Олмон дар қисми шимолии кишвар хидмат мекунанд. Назар ба хабари Агентии иттилоотии Reuters, шумораи низомиёни Олмон дар ин ҷо бояд ба 980 нафар расонида шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






