Ваҳдати миллӣ- омили муҳими рушди андешаи миллӣ дар замони муосир

Ноябрь 13, 2015 07:29

Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар).-«Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд.
Марҳалаи начандон тӯлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандӯсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд»-, иброз намуд директори Маркази тадқиқоти стратегии кишвар Худобердӣ Холиқназар зимни ифтитоҳи мизи гирд таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҷузъи андешаи миллӣ»  имрӯз, 13 ноябр.
Худобердӣ Холиқназар ҳадафи аслии мизи гирдро дар ҷалб кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ онҳо низ нақши муҳим доранд, арзёбӣ кард. 
«Мо имрӯз коршиносонро аз Академияи улум, донишгоҳҳо, ниҳодҳои давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро ба мизи мудаввар таклиф намудем, то онҳо назарашонро дар мавриди нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ иброз намоянд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушду такомули бедорӣ ва демократикунонии ҷомеаи мо нақши муҳим дорад ва он бояд ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҳамаҷониба кумакрасон бошад. Дар сурати ҳамоҳанг шудани фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ Тоҷикистон метавонад ба роҳи ваҳдати мустаҳками пойдор расад ва онро барои таъмини рушди устувори иқтисоди ҷумҳурии мо пеш барад»,-изҳор намуд директори МТС ба хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар мизи гирд дар мавзӯъҳои «Ваҳдати миллӣ гарави пойдории сулҳу субот дар Тоҷикистон», «Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими рушди андешаи миллӣ дар замони муосир», «Ташаккули андешаи миллӣ ва роҳҳои густариши он дар ҷомеаи имрӯза», «Ҷойгоҳи институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳкими андешаи миллӣ» аз ҷониби коршиносони кишвар маърӯзаҳо шунида хоҳанд шуд.
Мирзошоҳрух Асрорӣ, раиси кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавриди  нигаҳдории ваҳдати миллӣ  ва пойдории он дар ҷомеа иброз намуд, ки: «Имрӯз аз ҳама бештар ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус кишвари азизи мо Тоҷикистон ба ваҳдати миллӣ ниёз дорад, зеро асоси пешрафти имрӯзаи ҳаёти кишвари моро ҳамин ваҳдати миллӣ таъмин мекунад. Барои пешрафти ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон ваҳдати миллӣ ҳамчун асос буд ва дар давраҳои муҳим ва бисёр вазнини ҳаёти ҷомеа  маҳз ваҳдати миллӣ халқи моро аз парокандагию маҳвшавӣ нигоҳ дошт. Имрӯз низ ҳар як ҷомеа ба он андешаи миллӣ ниёз дорад, ки пешбаранда ё муҳаррики ҳаёти ҷомеа бошад. Ваҳдати миллӣ чун як ҷузъи пешбарандаи андешаи миллии мо имрӯз бояд дар байни ҷомеа мавқеи худро пайдо кунад ва муҳаққиқон, файласуфон, сиёсатшиносон дар бораи пешниҳод намудани ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз пояҳои устувори андешаи миллии халқи мо бояд мулоҳизаҳои худро баён намоянд ва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба таҳияи консепсияи андешаи миллӣ дар асоси пешбурди ҷомеа дар асоси ваҳдати миллии имрӯзаи ҷомеамон корҳо бояд пеш раванд. Аз нигоҳи дигар Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бояд дар тамоми ниҳодҳои ҷомеаи мо фаъол бошад ва беш аз ҳарвақта мардумро барои муттаҳидӣ ва якпорчагӣ барои субот ва амнияти доимии кишвар ҳидоят намояд». 

Ноябрь 13, 2015 07:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд