6 корманди нуқтаи мубодилаи асъор боздошт шуд

Декабрь 1, 2015 03:23

Душанбе, 1.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Дар даҳаи сеюми моҳи ноябри соли ҷорӣ вазъи бозори нақдии хариду фурӯши доллари ИМА боз ҳам ноустувор гашта, суръати тағйирёбии қурби нақдӣ нисбат ба моҳҳои гузашта ба маротиб зиёд гашт.
Таҳлили бозор нишон медиҳад, ки кормандони алоҳидаи нуқтаҳои мубодилаи асъор аз чунин вазъ сӯйистифода бурда, бо ҳар гуна роҳу восита қурби фурӯши доллари ИМА-ро беасос ва худсарона баланд мекарданд. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолатҳо кормандони Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти прокуратура дар ҳайати гурӯҳҳои фаврии муштарак 27 ноябри соли ҷорӣ 6  корманди нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилоти амонатии қарзии хурди «Васлат», «Азизи молия”, “Вориси замон” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-ро дар шаҳри Душанбе муайян ва боздошт карданд.
Маълум гашт, ки онҳо маблағҳои ҳангуфти пули миллӣ ва асъори хориҷиеро, ки аз маблағҳои зерҳисобашон чандин маротиба  зиёданд, дар хазина нигоҳ дошта, ба хариду фурӯши ғайрирасмии асъор машғул будаанд.
Маҳз  чунин беинсофӣ ва бемасъулиятии ба ҳамин монанди кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор Бонки миллии Тоҷикистонро водор кард, ки барои барҳам додани нуқтаҳои мазкур қарор қабул намояд.

 

Декабрь 1, 2015 03:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!