80 соли пурсамари «Хонаи китоби Тоҷикистон»
Душанбе, 31.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар таърихи давлату давлатдорӣ муассисаҳое арзи вуҷуд менамоянд, ки фаъолияти онҳо ба назар ноаён, вале дар ҳифзи хотираи таърихии миллат ва фарҳангу маънавиёти он саҳми беназир доранд. Муассисае, ки дар бораи он ҳарф мезанем, ганҷинаи гаронбаҳои сарчашмаҳои чопии таърихиву фарҳангӣ, ахлоқию маънавӣ, илмию таълимии халқи сарбаланди моро гирд овардааст ва онро барои наслҳои оянда ҳифзу нигоҳдорӣ менамояд.
Таърих гувоҳ аст, ки дар замони Ҳахоманишиниён ҳуҷҷатҳо ва китобу мукотибот дар ҷойи махсус, бо номи «Ганҷина» дар қатори зару гавҳар нигоҳдорӣ мешуданд, дар замонҳои минбаъда ин захираҳо бо номҳои ба худ хоси «Хазина» ва «Бойгонӣ» маълуму машҳур буданд.
Дар замони Шӯравӣ рушду такомули илму фарҳанг зарурати ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии китобу матбуотро ба миён гузошт ва муассисаи давлатӣ бо номи «Палатаи китоб» бо Қарори Кумитаи марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон аз 14 — уми июли соли 1934 «Дар бораи васеъкунии маҷмӯаи китобхонаҳо» ва Қарори шӯрои Комиссарони Халқи РСС Тоҷикистон 20 — уми декабри соли 1935 дар назди Комиссариати маорифи халқ ташкил ёфт.
Муассисаи мазкур аз лиҳози вазифаҳои ба зиммааш вогузошта масъулияти бағоят муҳими давлатӣ — қабул ва бақайдгирии давлатии нусхаҳои ҳатмӣ — назоратии матбуоти кишвар, маводи чопӣ, электронӣ, таҳлил ва коркарди библиографии нашрияҳои давлатӣ, баъзе нашрияҳои ғайридавлатии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интишорёфта, инчунин ҷустуҷӯ, дарёфт ва бақайдгирии библиографии адабиёт роҷеъ ба тарҷума ва нашри осори олимону адибони тоҷик ва умуман Тоҷикистонро, ки дар хориҷи кишвар интишор ёфтаанд, ба уҳда дорад. Ва имрӯз ба фаъолияти пурсамари он 80 сол пур мешавад.
Дар робита ба ин мо бо директори Хонаи китоби Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Қурбоналӣ Бӯриев ҳамсуҳбат шудем, ки фишурдаи онро пешкаши шумо мегардонем:
“Ховар”: Мехостам чанд сухан дар мавриди рисолати таърихии «Хонаи китоби Тоҷикистон» дар ҳифзу нигоҳдорӣ ва китобноманигории матбуоти миллӣ мегуфтед?
Қ. Бӯриев: “Фаъолияти «Палатаи китоб» (“Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон”) солҳои аввали таъсис аз ҷамъоварии китобҳои бо забони тоҷикӣ, ки то ин давра дар Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва Қазон чоп шуда буданд. оғоз меёбад ва натиҷаи ин амалиёт китобҳои дар солҳои 1928 то 1937 нашршударо, ки ҷамъулҷамъ зиёда аз 2040 номгўйро ташкил медоданд, бо теъдоди 16 250 нусха дастрас намуда, ба бойгонии муассиса интиқол дода шуданд ва китобҳо то ба имрӯз дар бойгонии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» маҳфуз мебошанд.
Дар муассисаи «Палатаи китоб» (ҳоло “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон”)А.Саидаҳмадов (1935-1937), К. Раҳимзода (1937-1938), П.М.Борисов (1938-1939), С.Иброҳимов (1939-1941), С.Миров (1971-1979), М.Каримов (1979-1982), А.Қурбонов (1982-1988), К.Қурбонов (1989-1993), З.Вазиров (1993-1994), Ҳ.Файзалиев, Б.Бадалов (2011-2015) ба ҳайси роҳбар фаъолияти пурмаҳсул намудаанд.
Соли 1939 шумораи 1-уми «Солномаи китобҳо» бо ҳуруфоти лотинӣ ва забонҳои русию тоҷикӣ бо теъдоди 1000 нусха аз чоп баромад, ки мураттиби он зани донишманд Л.В.Успенская буд. Дар ин шумора 291 номгӯй китобҳои нашри солҳои 1937-1938 дарҷ гардиданд, ки аз онҳо 253 номгӯй ба забони тоҷикӣ ва 38 номгӯй ба забони русӣ мебошанд.
“Ховар”: Ҳамкории «Хонаи китоби Тоҷикистон» бо муассисаҳои фарҳангии кишвар чӣ гуна аст ?
Қ. Бӯриев: “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” бо муассисаҳои зиёди фарҳангии кишвар ҳамкории дутарафаи мутақобила судмандро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар самти тайёр ва нашри “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Феҳристи китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз замони оғози фаъолият ҳамкории қавӣдорад. Дар таҳияи феҳристу картотекаҳои Китобхонаи миллӣ, хусусан феҳристи кишваршиносии он, аз давраи солҳои 40-уми асри ХХ саҳми библиографони ҳарду муассиса нақши муассир дорад. Инчунин дар баргузории чорабиниҳои ҳамдигар бахшида ба соҳаи китобдорӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҳамкории “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг дар самти таҳқиқи масоили библиографияи давлатӣ ва умуман библиографияшиносӣ хеле ривоҷ ёфтааст. Натиҷаи ин ҳамкорӣ дар маҳсулоти чопии ПИТФИ назаррас буда, ҳамзамон дар маҷаллаи илмию таҳлилии “Паёмномаи фарҳанг” ва осори олимони Пажӯҳишгоҳ мақолаҳои олимони “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” инъикоси худро меёбанд. Ҳамзамон бо Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самти тайёрнамоии дастурҳои гуногуни шарҳиҳолию библиографӣ робитаи зич доранд.
Соли 2005 кишвари мо расман ба узвияти Созмони ҷаҳонии Шумораи стандарти байналмилалии китоб — ISBN пазируфта шуд ва риояи талаботу муқаррароти ин созмони бонуфуз, инчунин иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти табъу нашр тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” вогузор карда шуд. Дар ин радиф масъулияти муассиса боз ҳам зиёдтар ва самтҳои фаъолияти он хеле васеъ гардид.
Муассиса тасмим гирифтааст, ки нашрияҳои ватаниро ҳарчи бештар дар Феҳристи ҷаҳонии нашрияҳои даврӣ ва силсилавӣ ҷой дода, ба ин васила таъриху фарҳанги миллиро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Бо ин мақсад мутахассисони тоҷик дар таҳия ва қабули беш аз 20 стандарти байналмилалӣ ва байнидавлатии соҳаи табъу нашр ширкат варзиданд. Аз соли 2012 татбиқи Барномаи электронии таҳияи тасвири библиографии нашрияҳо оғоз гардидааст.
Инчунин “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” бо “Палатаи китобҳо”-Федератсияи Русия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус ва Китобхонаи миллии Эрон ҳамкории судманд дорад. Имсол кормандони “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” барои таҷрибаомӯзӣ ба “Палатаи китобҳо”-и Федератсияи Русия фиристода шуда буданд ва бо таассуроти зиёд баргаштанд ва аз ҷониби онҳо оид ба беҳтарнамоии вазъи кор дар “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” пешниҳодҳои муфид карда шуданд.
“Ховар”: Ҷойгоҳи Хонаи китоб дар рушди ҳаёти фарҳангии кишвар аз нигоҳи шумо чӣ гуна аст?
Қ. Бӯриев: Вазифаи асосии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон”, ки маркази библиографияи давлатӣ маҳсуб мешавад, пеш аз ҳама, бақайдгирии маҳсулоти чопии кишвар тавассути ҷамъоварии нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ, ҳифзу нигоҳдории онҳо, таҳия ва нашри феҳристи ҷорӣ ва тарҷеъии давлатӣ зери унвони «Солномаи матбуоти РСС Тоҷикистон» (ҳоло «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон») ва Феҳрасти «Китобҳои Тоҷикистони Советӣ» (ҳоло феҳрасти «Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»), омода намудани ҳисоби омории нусхаҳои воридшуда, таҳия, нашр ва паҳннамоии баргаҳо (карточкаҳои китобхонавӣ) оид ба китобҳои нав дар ҳудуди кишвар, таҳия ва барориши маҷмӯаҳои библиографӣ ва маҷаллаи соҳавӣ, инчунин ба роҳ мондани хадамоти маълумотдиҳию библиографӣ ба гурӯҳҳои муайяни хонандагон, аз ҷумла олимон, муҳаққиқон, кормандони Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, китобдорон ва библиографон, омор, бойгоншиносон, таърихнигорон ва ғайра иборат мебошад.
“Ховар”: Истифодабарандагони ин ганҷинаи миллат киҳоянд?
Қ. Бӯриев: Истифодабарандагони ганҷинаи пурғановати “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон”, пеш аз ҳама, наслҳои ояндаи иллати шарафманди тоҷик маҳсуб мешаванд. Чунки ин ганҷинаи нодири илмиву фарҳангии миллат асосан барои нигоҳдориву ҳифз барои ояндагон созмон дода шуда, аз ҳисоби нусхаҳои ҳатмии тамоми матбуоти чопии имрӯзаи Тоҷикистон ташаккул меёбад.
Дар ҳолатҳои ногузир. албатта, ин ганҷина мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор дода мешавад ва талаботи ягона барои ҳама ин дастраснамоии иҷозатномаи расмии вазири фарҳанг шуда метавонад ва супориши расмии Ҳукумати Тоҷикистон.
Аммо тавре, ки дар фавқ ишора гардид, аз нашрияҳои ҷорию тарҷеии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” метавонанд тамоми эҳтиёҷмандон, аз ҷумла олимон, муҳаққиқон, кормандони Ҳукумати Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, китобдорон ва библиографон, омор, бойгоншиносон, таърихнигорон истифода баранд.
“Ховар”: Соли 2015 барои Шумо ва “Хонаи китоби Тоҷикистон” чӣ гуна сол буд?
Қ. Бӯриев: Соли 2015 барои ман соли хеле ҳам бобарор буд. То 22 майи 2015 роҳбарии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳангро бар дӯш доштам ва аз 4 июни ҳамин сол ба ҳайси директори генералии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” таъйин гаштам. Азбаски маълумоти библиографиро ман дар факултаи китобдории Донишкадаи давлатии маданияти Маскав дар охири солҳои 80-уми асри ХХ гирифта будам, бо тамоми ҷараёни кори муассиса аз ҷиҳати назарӣ ва амалӣ ошноӣ дорам ва бовар дорам, ки тағйироти мусбат дар фаъолияти ин муассисаи бонуфуз ва барои фарҳангу маънавиёти миллати тоҷик муҳим ворид хоҳам намуд. Боиси хурсандист, ки имсол беш аз 17 мақолаи ман дар саҳифаҳои матбуоти Тоҷикистон ва маҷаллаву маҷмӯаҳои мақолоти Федератисияи Русия манзури ҳаводорон гардонида шуд. Ҳамзамон ба ҳайси сармуҳарир дар ду барориши маҷаллаи илмию таҳлилии “Паёмномаи фарҳанг” ва “Осори Пажӯҳишгоҳ” (2015, ҷилди 2, 480 саҳ.) фаъолият доштам. Барои “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” соли 2015 хеле бобарор буд ва дар ҳамин сол корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, нашрияи ҷории библиографии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” сари вақт омода ва нашр гардид. Дастури кории истифодаи рақами байналмилалии китоб — ISBN интишор ва ба нашриётву матбааҳо дастрас гардонида шуд. Ҳамзамон корҳои рӯзмарраи қабул ва коркарди матбуоти интишоршуда сол то сол меафзоянд ва имсол. ки соли ҷашнӣ буд, кормандони муассиса фаъолияти хешро бо ғайрати дучанд иҷро менамоянд. Таҷлили 80 солагии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” бо иштироки Вазири фарҳанг Ш. Орумбекзода ва намояндагони муассисаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ барпо шуд. Заҳмати бисёрсолаи кормандони муассиса аз ҷониби вазири фарҳанг қадрдонӣ гардид, ки ин худ дастоварҳои хотирмони соли 2015 мебошанд.
“Ховар”: Нақшаҳои “Хонаи китоби Тоҷикистон” дар соли 2016? Барои беҳтарнамоии кори “Хонаи китоби Тоҷикистон” иҷрои кадом корҳои аввалиндараҷа заруранд?
Қ. Бӯриев: Нақшаҳо хеле бузурганд. Ҳолати имрӯзаи бойгонии “Хонаи китоби Тоҷикистон” ва фаъолияти кормандон мутобиқ ба талаботи замон кофӣ ва қонеъкунанда нест. Имрӯз фаъолияти бойгонӣ, вазъи ҳифзу нигоҳдории маҳсулоти чопӣ дар ҳолати ногувор қарор дошта, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест. Мушкилоти имрӯзаи муассисаро бо заминаи моддӣ-техникии мавҷуда бартараф намудан имконнопазир аст. Бойгонӣ ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳамзамон бойгонии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” бо дастгоҳҳои замонавии дар ҳолати муътадил нигоҳдорандаи ҳавои бойгонӣ, дастгоҳи мустақили тавлиди барқ (ҳангоми қатъ гаштани барқ аз шабакаҳои мавҷуда), таҷҳизоти зиддисӯхтор, дастгоҳҳои нусхабардории матбуоти бойгонӣ, компютер ва сканерҳои “Элар” зарурати аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Ҳамзамон нарасидани воҳидҳои корӣ нигаронкунанда аст. Дар маълумоти шуъбаи омори “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” оид ба рушди матбуот чунин далел қайд шудааст: агар соли 1990 дар ҷумҳурӣ 61 номгӯй рӯзнома, 17 маҷалла ва 1 оҷонсии иттилоотӣ, 12 нашриёт, 2 матбаа амал мекард, дар соли 2014 — 206 рӯзнома (172 ғайридавлатӣ), 136 маҷалла (72 хусусӣ), 8 оҷонсии иттилоотӣ (7 хусусӣ), 56 нашриёт (47 ғайридавлатӣ) ва 196 матбаа (163 ғайридавлатӣ) фаъолият доранд, ки он фаъолияти кормандони муассисаро чандин маротиба зиёд менамояд. Дар асл воҳидҳои кории “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” агар дар соли 1975 зиёда аз 40 нафарро ташкил диҳад, имрӯз теъдоди воҳидҳои кории муассиса ба 26 нафар расонида шудааст, ҳол он ки маҳсули матбуоти тоҷик борҳо афзудааст. Ва имрӯз зарурати он пеш омадааст, ки роҳи ҳалли ин мушкилотро биҷӯем, чунки дар ҳолати наандешидани чораҳои зарурӣ бо теъдоди мавҷудаи воҳидҳои корӣ тамоми самтҳои фаъолиятро, оид ба гирдоварӣ, қайд, коркард, таснифот, рақамигардонӣ, рақамгузорӣ, назорати воридот ва ҷобаҷогузорӣ, таҳияи солнома ва феҳрист, таҳриру нашр, созмондиҳии бойгонӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, тайёрнамоии стандарту консепсияҳо, барномаву низомномаҳо, роҳнамою меъёрҳои корӣ, баргаҳои библиографӣ ба ҳар як нашр, қайди оморӣ, додани рақами стандарти байналмилалии китоб, баҳисобгирӣ, омӯзишу таҳқиқ, шомилнамоӣ ба узвият, созмондиҳии корҳои маълумотию библиографӣ ва иттилоотиро фаро гирифта наметавонад ва қисми умдаи маҳсулоти чопии ҷумҳурӣ берун аз назари “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, феҳрасти «Китобҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қайди давлатӣ хоҳад монд.
Ҳамин ҳолат моро водор месозад, ки роҳҳои самараноки корро ҷустуҷӯ карда, дар навбати худ ба Ҳукумати Тоҷикистон оид ба бартарафнамоии мушкилоти мавҷуда ва иловаи воҳидҳои кофии корӣ мактубе ирсол намоем. Дар акси ҳол мо ба натиҷаҳои дилхоҳ ва қонеъкунандаи талаботи ҷомеа нахоҳем расид.
Ғайр аз ин кормандони “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон” тасмим гирифтаанд, ки барориши “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро соле 4 маротиба ва сохтори феҳристи ҷории давлатиро дар асоси таснифоти байналмилалии даҳгонаи универсалӣ ба роҳ монанд.
“Ховар”: Ташаккури зиёд барои як суҳбати хеле самимӣ ва мо низ шуморо бо 80-умин солгарди ин муассисаи фарҳангии кишвар табрику таҳният гуфта, ба шумо дар соли нави мелодии 2016 дар иҷрои нақшаҳои ояндаатон барору комёбӣ таманно дорем.
Қ. Бӯриев: Ман низ аз фурсати муносиб истифода намуда. тамоми кормандони АМИТ “Ховар”, инчунин мардуми шарафманди тоҷикро бо соли нави мелодӣ, ки дар ин сол мо 25 -солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирем, табрик намуда, ба ҳар яки онҳо тани сиҳату, баракоти рӯзгор ва осудагиро дар хонадонашон хоҳонам.
Мусоҳиб Абдураҳим Ҷабборов