Алӣ Ғиёсуддин Муҳаммад: «Тоҷикистон имкон дорад бо истифода аз захираҳои табиӣ ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил гардад»
ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон мамлакати дорои табиати нотакрор буда, мардумонаш меҳрубону самимӣ ва хеле меҳмоннавозанд. Чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Алӣ Ғиёсуддин Муҳаммад, намояндаи Алянс барои дастрасии молиявӣ (Alliance for Financial Inclusion — AFI), ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия идораи корӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки намояндаи Алянс барои дастрасии молиявӣ Алӣ Ғиёсуддин Муҳаммад дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025», ки аз 14 то 16 октябр дар шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намуда, аз он таассуроти баланд бардоштааст.
«Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими марбут ба ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Воқеан, Тоҷикистон дорои захираҳои бойи табиӣ аст, ки ба ҷалби сармоя ба ин давлат мусоидат менамоянд. Бахусус соҳаи туризм ва гидроэнергетика, ки рушди он хусусан бо назардошти бунёди иншоооти бузурги гидроэнергетикӣ, истеҳсоли энергияи «сабз» ва фароҳам оврадани инфрасохтори зарурӣ имкон медиҳад дар оянда иқтисоди Тоҷикистон пешрафта гардад ва он ба сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ низ мусоидат менамояд. Инчунин дар самти ҷалби сармоя дар Тоҷикистон дигар заминаҳо низ мавҷуданд, ки истифодаи мақсадноки онҳо имкон медиҳад иқтисоди Тоҷикистон дар оянда ба пешравиҳои назаррас ноил гардад»,-иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Алӣ Ғиёсуддин Муҳаммад афзуд, ки «ман аслан аз Ҳиндустон мебошам ва дар Алянс барои дастрасии молиявӣ /AFI/ дар Куала-Лумпури Малайзия фаъолият менамоям. Ин сафари нахустини ман ба сарзамини кӯҳҳои баланд ва манзараҳои ҷолиби табиӣ –Тоҷикистон мебошад».
«То омаданам ба Тоҷикистон ман доир ба ин мамлакат аз саҳифаҳои интернетӣ маълумот доштам, аммо вақте ки омадам, дилрабоии Тоҷикистон, хусусан шукуфоии пойтахти он- шаҳри Душанберо аз наздик дидам. Ман дидам, ки Душанбе шаҳри сабз буда, хиёбонҳои гулпӯш доштааст. Бо ин ҳама зебоӣ умед аст, ки Тоҷикистон дар оянда ба яке аз кишварҳои пешрафтаи дунё табдил гардад. Дар доираи сайругаште, ки барои иштирокдорони Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе инвест-2025» ташкил карда шуд, ба ман ҳамзамон муяссар гардид, ки яке аз ёдгориҳои бостонии Тоҷикистон –Қалъаи Ҳисорро тамошо намоям, ки аз дидани он хеле ба ваҷд омадам. Дар Ҳиндустон ҳам чунин қалъаҳои қадимӣ, ки ба Қалъаи Ҳисор шабеҳ ҳастанд, зиёданд. Онҳо аз ҷониби императорҳое, ки аз Осиёи Марказӣ дар қарнҳои гузашта дар Ҳиндустон ҳукмронӣ намудаанд, бунёд карда шудаанд», -гуфт ҳамсуҳбати мо.
Алӣ Ғиёсуддин Муҳаммад тазаккур дод, ки «дар Осорхонаи этнографии «Қалъаи Ҳисор» бо таъриху тамаддуни тоҷикон, ки яке аз қадимтарин халқҳои ҷаҳон мебошанд, шинос шудам. Ва мушоҳида намудам, ки тоҷикон дар ҳифзи фарҳангу тамаддун ва асолати миллию давлатдории худ иқдоми наҷибро пеша намудаанд, ки ба рушду пешрафти ин сарзамин ва мардумонаш мусоидат менамояд».
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






