Қаҳҳор Маҳкамов: «Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшид»

Декабрь 18, 2015 05:01

Душанбе, 18.12.2015.(АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар иҷлосияи чоруми Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум нахустин Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов маърӯза кард. Узви фаъоли Маҷлиси Миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» гуфт, ки: «Ин қонун қонуни таърихӣ аст ва дар давоми ҳазор сол баъди давлатдории Сомониён тоҷикон  давлат надоштанд. Соли 1991 Тоҷикистон ба истиқлолдият расид, вале душманони ин миллат  мамлакатро ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ кашиданд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷанг хотима бахшид. Сарвари давлати тоҷикон ҳоло ба корҳои бузургтарин даст задааст, ки амалишавии ин лоиҳаҳо Тоҷикистонро ба сӯи ободию пешрафт мебарад. Бунёди садҳо километр роҳҳо,   хаттҳои  барқ, сохтмони  корхонаҳои саноатӣ ва манзилҳои замонавӣ далели ин гуфтаҳоянд».

 

 

 

Декабрь 18, 2015 05:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад