Ҳалокати беш аз 100 нафар бар асари таркиш дар корхонаи газ дар Нигерия
Душанбе, 25.12.2015 (АМИТ «Ховар») .- Бар асари таркиш дар корхонаи коркарди гази ширкати Chikason Group дар шаҳри Нневии Нигерия беш аз 100 нафар ҳалок шуд. Дар ин бора «Naij » хабар медиҳад.
Қурбониёни ин таркиш аксаран дар оташ фавтидаанд.
Бино ба иттилои шоҳидон, ин ҳодиса соати 11-и рӯз рух додааст. Ҷабрдидагон ба беморхонаи маҳаллӣ интиқол дода шудаанд.
Наҷотдиҳандагон аз сабаби зиёд будани алангаи оташ сари вақт натавонистаанд, ки ба корхона ворид шаванд.
Reuters дар мавриди 4 фавтида ва 4 осебдида хабар додааст.
Таркиш ҳангоми пур кардани зарфҳои газ ба амал омада, корхона пурра хароб гардидааст. Инчунин якчанд хонаи истиқоматии атрофи корхона хисорот дидаанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






