Андешаҳо перомуни қабули Қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»
Душанбе, 9.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро қабул кард. Дар робита ба қабули қонуни мазкур хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳои ду сокини пойтахтро пурсон шуд:
Бобоҷон Самиев, сардори Раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор:
-Умуман дар низоми идораи давлатӣ на ҳар гуна чеҳраи сиёсӣ мавқеи худро пайдо карда метавонад. Хусусан дар даврони истиқлолият мавқеъ ва манзалати сиёсиеро, ки Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ кард, барои расидан ба сулҳи саросарӣ мондагор аст, ба хотири он, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ қабул гардид ва сарҷамъию муттаҳиддии кулли ҷомеа боис шуд, ки Тоҷикистон ба як кишвари пешрафта ва ҷумҳурии рушдёфта мубаддал шавад. Агар аз мавқеи соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ ибрози назар кунем ва марҳилаҳои тайкардаи онро таҳқиқ кунем, маълум мегардад, ки дар ҳар як саҳифаи таърихӣ, дар ҳар як лаҳзаи таърихӣ саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷои аввал меистад, чунки бо ибтикороте, ки пеша кардааст, ӯ тавонист, ки Тоҷикистонро на фақат дар миёни кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ кунад, балки ҳамзамон тавонист халқи худро зери як парчами миллӣ муттаҳид карда, ба муваффақият комёб шавад.
Ман фикр мекунам, ки қабули Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ ва муҳим буда, он аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дастгирӣ меёбад. Умед аст, ки зери парчами сулҳу ваҳдат кишвари мо боз ба пешравиҳо ноил мегардад, фарзандони миллат ҷонсупори марзу буми ин кишвар мешаванд ва сиёсати Пешвои миллат дастгирӣ меёбад.
Насрулло Убайдуллоев, доктори илмҳои таърих дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки: «Қонун «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», ки имрӯз аз ҷониби Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, аз санадҳои муҳим ва зарурист. Ин қонун, пеш аз ҳама, аз талаботи худи ҷомеа ва чаҳони муосир ба миён омад, зеро Президенти мамлакат дар нигоҳ доштани сулҳу субот, оромӣ, рушд ва пешрафти ҷомеа нақши асосӣ ва муҳим дорад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ягон тавсифу таърифи иловагӣ эҳтиёҷ надорад, зеро дар ин муддате, ки кишварро сарварӣ дорад, ӯ аллакай барои таърих, барои мардуми тоҷик, барои миллати тоҷик ва дар умум барои тоҷикистониён корҳоеро ба сомон расонид, ки онҳо ҳатман дар саҳифаҳои таърих боқӣ мемонанд.
Худи аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ, даргириҳои сиёсию парокандагӣ ва нестшавӣ раҳонидани мардум ва ба сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва дастовардҳои назаррас расонидани миллат- ҳамаи инҳо заҳмат, кӯшиш ва талошу ҷадалҳои Президент аст. Ҳамчун роҳбари аввал ва сарвари ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон Президент барои пешрафту рушд ва муаррифӣ кардани суннатҳои мардумию миллӣ ва тамаддуни тоҷик хеле заҳмат кашид ва дар муддати кӯтоҳ аз ҳолати ҷанг ба сулҳу салоҳ расонидани кишвар, ки инро тамоми сиёсатмадарони дунё ва расонаҳои хеле машҳури дунё ҳамчун як таҷрибаи нодир ба қалам медиҳанд, бас аст, ки ин барои қабул кардани чунин қонун асос ё бунёд бошад.
Барои ҳамин мо қабул шудани ин қонунро дастгирӣ мекунем ва ин танҳо дархости Тоҷикистони имрӯза нест, дар як зумра давлатҳои дигар ин гуна қонунҳо аллакай қабул шудаанд ва мавриди истифода қарор доранд. Президент ягона нафарест, ки ифодакунандаи иродаи тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ ё кишвар аст ва эҳтирому арҷгузорӣ ба президент- ин эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳамон миллату ба ҳамон давлат аст.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






