Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид

Ноябрь 21, 2025 16:25

РӮДАКӢ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр  дар Ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ маросими ҳавасмандгардонии пахтакорону кишоварзони беҳтарин баргузор шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ ба ҳисоб меравад. Зеро аз коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол ва ин зироат ашёи муҳимми саноатӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  рушди ин бахши соҳаи кишоварзӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ дастуру супоришҳо медиҳанд.

Дар ҳудуди заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Рӯдакӣ дар мавсими кишти соли равон дар 210,8 гектар пунбадона кишт карда шуд, ки 15 гектари он бо усули нави зери плёнка иҷро гардид. Хушбахтона, хоҷагидорон бо коркарди босифат ва риояи қоидаҳои  агротехникию сари вақт бо об таъмин намудани пахта ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуданд.

Пахтакорони ноҳияи Рӯдакӣ то 20 ноябр нақшаи ҷамъоварии пахтаро  101 фоиз иҷро намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 қариб як баробар зиёд аст.

Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки  бо истифодаи тухмиҳои хушсифат, технологияҳои муосир ва риояи қатъии талаботи агротехникӣ имконият аст, ки ҳосилнокӣ то ба 30-40 сентнер аз як гектар расонида шавад.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ ба пахтакорони ҷамоати шаҳраки М.Турсунзода, роҳбарияти хоҷагии деҳқонии «Махсум-2014», ки якумин шуда, дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд, сипосу миннатдорӣ баён кард. Сипас як зумра кишоварзон, чинакчиёни фаъол, кормандони соҳа ва роҳбарони сохторҳои давлатӣ барои саҳми арзанда дар иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта бо «Сипоснома»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Ноябрь 21, 2025 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд