Дастгир гардидани дуздон

Декабрь 8, 2015 04:47

Душанбе, 08.12.2015. (АМИТ «Ховар)  — Дар бозори “Корвон”-и пойтахт кормандони милитсия ду ҳодисаи дуздиро ошкор намуданд. 
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 32 солаи ноҳияи Фархор ҳамчун гумонбар дар дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки номбурда 29 ноябри соли равон, тахминан соати 13:00 дақиқа, аз ҷайби  зани 46 солаи сокини шаҳри Ваҳдат 12000 рубли Федератсияи Русияро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Ҳамчунин зани 45 солаи сокини Ҳисор низ бо гумони дуздӣ дастгир  шуд. Номбурда 26 ноябри соли равон, тахминан соати 15:30 бо роҳи пинҳонӣ вориди дӯкони зани 30 солаи сокини шаҳри Душанбе, воқеъ дар бозори “Корвон” шуда, аз он ҷо 1230 сомонӣ ва ҷавоҳироти нуқрагин, ҷамъ ба маблағи 3980 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 
Аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

 

Декабрь 8, 2015 04:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!