Эмомалӣ Раҳмон — намунаи ибрат барои ҷавонон

Декабрь 16, 2015 04:44

Душанбе, 16.12.2015. (АМИТ «Ховар) —  Яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишварро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар кишваре, ки вазъи демографӣ мунтазам афзоиш меёбад ва беш аз 70 фоизи аҳолиро насли ҷавон ташкил медиҳад, муайян намудани сиёсати давлатии ҷавонон аз нуқтаи назари сиёсӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст: «Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандўстиву ватанпарастӣ мебошад.»
Дар зиндагии худ ҳар як ҷавон нафареро ҳамчун шахсият эътироф намуда, кўшиш менамояд, ки ба монанди ў сухан гӯяд, рафтор кунад ва ҳатто шакли зоҳирияшро мутобиқ созад, яъне ҳар як ҷавон намунаи ибрати худро дорад. Намунаи ибрат инсоне шуда метавонад, ки дар рафтор, гуфтор ва кирдори он нуқсон ҷой надорад. Намунаи ибрат инсони хирадманд, ҷасур, ростқавл, бовиҷдон, боинсоф, дастгиру меҳрубон, шаклан ва ботинан зебову зебопараст  мебошад. Намунаи ибрат аз ҷониби ҷавонон бо он сабаб интихоб мегардад, ки онҳо мехоҳанд ба шахсе пайравӣ кунанд ва ба мисли ӯ ба қуллаҳои баланди мурод расанд. 
Дар айни ҳол ман ҳамчун ҷавони кишвар бо боварӣ гуфта метавонам, ки намунаи ибрати мо ҷавонон, Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат мебошад. Далели ин гуфта он аст, ки дар тӯли роҳбарии ин нобиғаи миллат наслҳои алоҳида ба воя расиданд, аз мактаби сулҳофариву ватандустӣ таълим ва тарбия гирифтанд. Дар заминаи гуфтор, рафтор ва кирдори Эмомалӣ Раҳмон амал намудани мо, ҷавонон боиси он мегардад, ки мо ба муроду мақсади доштаи худ мерасем ва барои шукуфонии Ватани азизамон саҳми худро мегузорем.

Пешвои миллат

Роҳбари мо баҳри моён нек ҳикмат мекунад,
Шукри ин миллат барои халқ хидмат мекунад.
Иҷтимоӣ, иқтисодӣ ҳам сиёсат кори ӯст,
Пояи илм устувор ӯ дар сиёсат мекунад.
Нақши занҳову ҷавонон дар  ҷамоат пойдор,
Бар ятимону сағирон низ хизмат мекунад.
Ҷангро оред дар ёд дарки ин соат кунед,
Доимо бар сулҳу ваҳдат ӯ ишорат  мекунад  
 Дурр намояд санги  кишвар, дӯст дорад меҳанаш,           
Ҳар гаҳе бар аҳли Маҷлис ӯ паёмат мекунад 
Дониёро, ин нафарро чун падар ту дӯст дор,
Чунки моро пуштибониву ҳам ҳидоят мекунад.

 
Дониёр Сангинӣ- устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2015 04:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд