Эмомалӣ Раҳмон Пешво ва муаррифгари тоҷику Тоҷикистон дар саросари дунёст

Декабрь 15, 2015 10:12

Душанбе, 15.12.2015. (АМИТ “Ховар”).-Мо, сокинони деҳаи  Оби сангбури ҷамоати деҳоти Ҷавонони  ноҳияи Файзобод  аз вакилони худ  дар  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ниҳоят хурсандем, зеро онҳо  Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон   “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — пешвои миллат”-ро қабул карданд. Бояд гуфт, ки  вақти қабули ин қонун  чанд сол пештар фаро расида буд. Натиҷаи интихоботи    Президенти мамлакат (6 ноябри соли 2013) ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат (1 марти соли 2015) Пешвои Тоҷикистону  тоҷикистониён будани Эмомалӣ Раҳмонро пурра собит сохта буд. Дар ин маъракаҳои сиёсӣ  мардум  якдилона  ба ҷонибдории  ин фарзанди бо нангу  бо шарафи миллат овоз дода буданд. Ин гувоҳӣ аз он медиҳад, ки халқ ҷонибдори   Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати пешгирифтаи ин шахсияти бузург аст.  Яъне халқ кайҳо раъйи хешро барои Пешвои миллат  будани  фарзанди арзандааш дода буд.  Ва саҳифаҳои  таърихи  даврони соҳибистиқлолии кишвар хизматҳои  арзандаи фарзонафарзанди худро бо ҳарфҳои заррин навиштаанд.

Мо пирони  деҳаи Обисангбур  дар ин умри 70-90 солаи худ  бисёр сахтию сангинии рӯзгорро дидаем. Рӯзҳои аввали  ҷанги шаҳрвандӣ  ҳеҷ гоҳ аз хотири мо фаромӯш намешаванд. Гуруснагиро ҳам дидему заҳри  ғарибиро ҳам, рӯзҳои душвору ғамангез ва тарс аз қумондонҳои «сохта»-ро , ки  пешаашон дар сояи  ҳимояи ислом танҳо таҷовузу дуздиву ғоратгарӣ буд,  ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Ба ҷони фарзандонамон ҳар лаҳза даст ба дуо будем, ки  онҳоро аз офат нигоҳ дорад. Ва дар ана ҳамин лаҳзаҳои тақдирсоз гӯиё Худо дасти ба дуо бардоштаи мо пиронро қабул карду Эмомалӣ Раҳмонро ба сари мо овард.
Ана дар ҳамон лаҳзаҳои душвор мо модарони обисангурӣ низ ашк дар бари рӯямон буд. Барои  рӯзи сиёҳи ҳамватанонамон ,  барои тифлони сағирмонда, барои занони  шавҳаронашонро аз даст дода, барои ояндаи  норавшани фарзандонамон  диламон дар ларза буд. Шоҳроҳи  Душанбе -Хоруғ  аз маркази ноҳияи Файзобод мегузарад. Тобистону тирамоҳи  соли 1992 медидему мешунидем, ки тавассути  нақлиёт чӣ қадар мардум ба сӯи ватани бобоияшон ба хотири  эминӣ аз даргириҳо мегурехтанд, бо умеде, ки пас аз ягон моҳе  ҳамаи ин гурезогурез хотима меёбаду боз ба манзилҳояшон бармегарданд.  Зимистони Файзобод бо барфи баланду шамолаш ба  ҳама маълум аст,  ана дар ҳамин  фасли сармо пойи пиёда, сарлучу бо пойҳои латтабаста  тифл дар оғӯш модарон  бозгашт менамуданд. Буданд лаҳзаҳое, ки тифлони аз хунукӣ ҷондодаро зери барфи 2-3 метра  гӯрондаву бо умеди зинда мондани фарзандони боқимонда ашк дар рухсораҳояшон ях баста,   роҳашонро идома медоданд. То метавонистем,  қабулашон кардаву  либосашонро иваз намуда, охирин  тикаи  нони аз ҷаву ҷуворӣ ва ё сабус пухтаамонро  бо ҳам медидем. Ва дар ин лаҳзаҳо болои ҷойнамоз аз даргоҳи Худо танҳо  осмони софу оромию тинҷию амонии давлатамонро  илтиҷо  доштем, ки он рӯзҳо ҳеҷ аз хотирамон намеравад.  Ва ана ҳамин зорию илтиҷои модарони тоҷик буд, ки  гӯиё Худо дасти ба дуо бардоштаи моро қабул карду Эмомалӣ Раҳмонро ба сари мо овард.
Ҷавонони обисангбурӣ чун дигар ҳамсолонашон дасту дил аз ҳама чиз канда буданд.   Баъзан  вақт шабҳоро дар  коҳдону  шифту  таҳхонаҳо  рӯз мекарданд. Кору таҳсил дар фикрашон ҳам набуд. Гумон мекарданд, ки  ояндаи торику норавшан онҳоро  то охири умр дар пеш аст. Ана дар ҳамин лаҳзаҳо  Худои мутаъол   дасти ба дуо бардоштаи ҳазорон ҳазорон чун мо  наврасону ҷавононро  шояд қабул кард, ки болои сари мо Эмомалӣ Раҳмонро овард. Маҳз хизматҳои  ӯ буд,   ки ҳаёти мо маҷрои дигар гирифт. Ҷойи тарсу ҳарос ва нобоварӣ ба ояндаро умеду орзу ба ояндаи неки Тоҷикистони азиз иваз намуд. Маҳз Эмомалӣ Раҳмон  буд, ки тифлони дар гаҳвораи  солҳои  навадум,   ҷавонони саодатманди асри навин, созандагони  кишвари худ гардидаанд. Имрӯз ҷавонони тоҷик дар тамоми  қитъаи олам   бо заковату дониши худ муаррифгари  Тоҷикистонанд, ки ҳамаи ин самараи роҳбарии дурандешона ва сиёсати пешгирифтаву хирадмандонаи Сарвари давлат мебошад. Танҳо дар се соли охир беш аз ҳафтод  оилаи ҷавони деҳаи мо соҳиби заминҳои наздиҳавлигӣ шуданд. Дар маҷмӯъ дар саросари мамлакат ин шумора ба даҳҳо ҳазор мерасад. Шумораи  ҷавонони соҳиби маълумоти олӣ дар деҳаи мо беш аз сад нафарро ташкил медиҳад, ҳол он ки дар роҳи беш аз ҳафтодсолаи  даврони Шӯравӣ дувоздаҳ нафарро ташкил медод. Таъсиси квотаи президентӣ барои ҷавонони кӯҳистон дар мактабҳои олӣ боиси он гардид, ки  барои духтарони деҳот, ки таҳсил дар мактабҳои олӣ орзуи дастнорасашон  буд, ба ҳақиқати зиндагишон табдил ёбад. Квотаи президентӣ  сафи чунин ҷавонони саодатманди  кишварро хеле афзун намуд. Ҷавонони муҳоҷир  низ имрӯз бо дили пур , ки  оилаҳояшон дар ҳимояи давлат қарор доранд, пайи кору пайкор дар хориҷи мамлакатанд. Маблағҳои фиристодаи онҳо баробари зиндагии хеш дар пешрафти  ҳаёти эшон чашмрас аст.
Муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  муаррифгари  тоҷику Тоҷикистон дар саросари  дунё ба ҳисоб меравад. Бо Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҷаҳон шинохт, ин рисолатест, ки таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин дар китоби худ  хоҳад навишт. Ҳар он касе ки  заҳмату ҳақталошиҳои ӯро  дар тамоми соҳаҳои  пешрафтаи кишвар  нодида мегирад, кӯр хоҳад шуд, Худо  ба хоки сиёҳ яксон мекунад чунин нотавонбинонро. Шукр, ки чунин носипосон  кам, хеле каманд. Ҳамаи  ин роҳи 24 соларо, ки қиматаш дар роҳи худшиносиву пешрафти миллат баробар ба чанд аср аст,  ҳар он ки қалби поку нигоҳи тоза дорад, қадр мекунад. Қабули   Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон   “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — пешвои миллат”  башорат аз он медиҳад, ки     вакилони Маҷлиси намояндагони кишвар баҳои ҳақиқии интихобкунандагонашонро дар  ин қонун сабт кардаанд.
Мо низ  бовар дорем, ки   зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон   роҳи давлату миллати мо ба сӯи ояндаи дурахшону  мамлакати пешрафта аст. Дар ин роҳ , мо сокинони  Обисангбур низ  баробари ҳар фарди  некнияти   Тоҷикистони азиз бо Пешвои миллатем.

Бо эҳтиром сокинони деҳаи Оби сангбури ноҳияи Файзобод

Декабрь 15, 2015 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ҳамкориро бо Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон густариш медиҳанд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Суғд 91 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар Афғонистон 1,4 миллион духтар аз таҳсил дар мактаб дур мондаанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Пагоҳ дар Душанбе Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор мегардад
«Худшиносӣ – омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ». Таҳти ин унвон дар шаҳри Гулистон вохӯрӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Афғонистон ба занон сурудхонӣ ва қироат бо садои баланд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карда шуд
Дар ноҳияи Ванҷ бахшида ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Шурои Иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд ва Федератсияи Иттифоқҳои касабаи вилояти Свердловск густариш меёбад