Фидокориҳои Бобоҷон Ғафуров

Декабрь 22, 2015 11:44

Душанбе, 22.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар аксари ташкилоту муассисаҳо аксҳои қаҳрамонони Тоҷикистон мавҷуданд, ки хеле кори хуб аст, зеро қаҳрамонон гули сари сабад ва арзандаи ҳама гуна иззату икроманд. 
Дар байни чунин аксҳо сурати устод Бобоҷон  Ғафуров, ки шояд баъди меҳнати пурмаҳсули илмӣ гирифтаанд, хеле хастаҳол ба назар мерасад. Ҳол он ки суратҳои хеле ҷаззобу зебои устод низ мавҷуданд. Бинобар ин ба масъулини рекламаҳои тарғиботӣ лозим аст, ки акси зебои устод Бобоҷон Ғафуровро дар компютерҳо ҷойгир намоянд ва агар сурати зеботари устод дар тахтаҳои фахрии қаҳрамонон ҷой мегирифт, беҳтар мешуд. Ин ҷо мехоҳам як лаҳзаи корнамоии ӯро ёдрас намоям.
Ҳисси баланди миллатдӯстӣ, ҷасорати беҳамто ва масъулияти бузург ба Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров имкон дод, ки ҷони қариб 100 ҳазор нафарро аз ранҷу машаққати бадарғагию зиндон ва ҳатто марг дар солҳои 50-уми асри гузашта раҳо намояд. 
Воқеан, устод Бобоҷон Ғафуров чун сиёсатмадори шуҳратёр, таърихнигори дақиқназар, олими пухтакору пурмаҳсул, сарвари оқилу доно ва фидоию қаҳрамони миллат барои миллати тоҷик хизмати арзандаро ба ҷо овардааст. Ин ҳодисаро олими машҳури тоҷик Аҳрор Мухторов дар китоби «Академик  Бобоҷон  Ғафуров» (Душанбе, 1998) ин тавр менависад: 
«Боз як масъалаи барои Б.Ғафуров ва миллати мо ниҳоят душвору хавфнок он буд, ки солҳои 50-ум таъқибу ҳабскуниҳои солҳои 30-юм аз нав сар заданд. Аз рӯи баъзе маълумот  Ҳукумати Марказӣ барои тамоми ҷамоҳири Иттиҳоди Шӯравӣ нақшаи ба ҳабс гирифтани миқдори муайяни одамонро ба маҳалҳо фиристода буд.
Воқеаҳои марбут ба ин фармонро Б.Ғафуров ба яке аз дӯстон ва ҳамкорони худ аз Пажӯҳишгоҳи ховаршиносиии Маскав, узви АУ ИҶШС Бонгард Левин, ҳангоми сафараш ба Фаронса чунин иброз доштааст:
Аз рӯи нақшаи Маскав мебоист дар ҳудуди Тоҷикистон 120 ҳазор одамро ҳабс ва бадарға намоем. Ин кори душвор ва иҷронашаванда буд. Ман аз  куҷо дар  ҳудуди хурди Тоҷикистон 120 ҳазор «душмани ҳукумат» пайдо карда метавонистам?
Азбаски план иҷро нашуда буд, маро ҳамроҳи раиси Кумитаи бехатарӣ ба Маскав даъват намуданд. Он вақт аз Душанбе то Маскав бо поезд сафар мекарданд. Мо дар меҳмонхонаи «Маскав» сокин шудем. Он солҳо роҳбарият ва мо ҳам шабҳо кор мекардем. Ба раиси КБД гуфтам, ки дар меҳмонхона бошад ва ман танҳо ба назди Л.П. Берия меравам. Агар то соати 4-и шаб барнагардам, ту бояд гурезӣ, чунки ҳабс мекунанд.
 Л.П. Берия маро бо қаҳру сарзаниш қабул намуда, суол дод, ки барои чӣ мо дар Тоҷикистон планро иҷро намекунем? Ман гуфтам: «Лаврентий Павлович, ҷумҳурии мо майда, одамаш кам аст. Агар 120 ҳазор одам ҳабс шавад, мо бо кӣ кор мекунем»? Дар ҷавоб Берия мегӯяд, ки ба назди шеф (яъне И.В. Сталин) рафта ҳисобот деҳ!
Дар қабулгоҳи И.В. Сталин Поскребищев  менишаст. Ӯ бо Ғафуров муносибати муътадил доштааст. Вале ин навбат Поскребищев рӯяшро ба тарафи тиреза гардонида, чунин вонамуд кардааст, ки гӯё  Ғафуровро бори аввал мебинад. Ӯ ба И.В. Сталин аз омадани Ғафуров хабар медиҳад. 
Саволи Сталин ҳам ҳамон суоли Берия буд. Ҷавоби Ғафуров такрор мешавад. Сталин савол мекунад, ки барои чӣ раиси КБД ҳамроҳ наомад? Ғафуров ҷавоб мегӯяд, ки ӯ бемор шудааст. И.В. Сталин бовар накарда гуфтааст, ки «не, ӯ тарсида ба назди ман наомад»!
Сталин ҳам мисли  Берия дашноми қабеҳ дода, ба Ғафуров мегӯяд: «Рав! Агар дар Тоҷикистон шӯрише сар занад, аввал ман туро мепарронам»! 
Воқеан, миллати бонангу номуси тоҷик абармардоне дорад, ки фахри ин миллатанд: Рустами Достон, Шераки Далер, Спитамен, Муқаннаъ, Деваштич, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Аҳмадшо Масъуд. Ин абармардон  дар сарнавишти миллати тамаддунофари тоҷик нақши басо ҳалкунанда бозидаанд.
Рисолати бузурги ин абармандони миллати сарфарози тоҷикро фарзанди фарзонаи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба таври шоиста идома медиҳад. Бо хидматҳои шоёни худ сарвару раҳнамои кунунии миллату давлати тоҷикон сазовори мақоми олии Пешвои миллат дониста шуд, ки барҳақ ба нафъи давлату кулли шаҳрвандон ва хайрхоҳони дохилу хориҷи Тоҷикистони азиз аст.     

Декабрь 22, 2015 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад