М. Раҳматов дар чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба карате-до мақоми аввалро соҳиб шуд
Душанбе, 3.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Аз 28 то 30 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон — шаҳри Тошканд чемпионати Осиёи Марказӣ дар риштаи варзишии карате-до доир гардид.
Дар мусобиқаи бонуфуз ду донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон — Мӯҳсинҷон Раҳматов ва Сӯҳробҷон Юсупов ширкат варзиданд.
Мӯҳсинҷон Раҳматов дар вазни 55 килограмм ба ҳамаи рақибони худ аз Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дастболо гардида, сазовори медали тилло гардид ва унвони чемпиони Осиёи Марказиро ба даст овард. Сӯҳробҷон Юсупов дар вазни 67 килограмм ба даври нимниҳоӣ баромада, сазовори медали биринҷӣ гардид. Дар мусобиқаи даставӣ Сӯҳробҷон Юсупов сазовори медали нуқра гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






