Ҷонибдории кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» аз Пешвои миллат

Декабрь 29, 2015 15:26

Душанбе, 29.12.2015 (АМИТ «Ховар»). -Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси умумӣ бо иштироки кулли кормандон баргузор гардида, роҳбари муассиса Ҷамшед Ҷумъахонзода оид бааҳамият ва зарурияти қонуни мазкур сухан гуфт.
Ҳамчунин як гурӯҳ кормандони муассиса доир ба қабули  қонуни мазкур, хизматҳои арзанда ва корнамоиҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, қабули қонуни мазкурро дастгирӣ намуданд .
Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз ҷониби ҳарду палатаи Парлумони кишвар  орзуи деринаи мардуми кишварро ҷомаи амал пӯшонид, зеро қабул намудани чунин қонун талаби замон дар ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, ки мардум бо ақлу заковати ориёнаи  худ тақдири имрӯзу фардои кишварашро бо дастони худ менависад.
Аҳамият ва манзалати қонуни мазкур, пеш аз ҳама, қадршиносию арҷгузорӣ ба он хизматҳои арзандае, ки фарзанди барўманди миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон, барои ободиву пойдорӣ қаҳрамонона  дар лаҳзаҳои мушкилу сарнавиштсоз намудааст,  равона карда шудааст.
Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз сиёсати пешгирифтаи  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  якдилона  ва сидқан пуштибонӣ намуда,  хизматҳои шоистаи ин марди накўномро, ки баҳри озодӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангиву дунявӣ, асолати ҳувияти миллӣ, меҳанпарастӣ, ваҳдати миллӣ,  сарҷамъии тоҷикони ҷаҳон, бузургдошти осори ниёгон ва ҳастии миллати тоҷик ҷони худро дареғ надошта, дар  рушди ҷомеаи навини демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ва фардои шукуфони  миллати тоҷик содиқона анҷом медиҳад, дастгирӣ менамоянд.
Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид  муаррифӣ намуд, иди миллии тоҷикони ҷаҳон «Наврўзи оламафрўзро» ҷаҳонӣ намуд, аз байни 500 нафар мусулмонони ҷаҳон «Беҳтарин мусалмон» эътироф гардид,  бо Қарори академикии Шўрои Аврупо бо унвони олии фарҳанги сиёсии ҷомеаи Аврупо «Пешвои Асри XXI» сарфароз гардонида шуд ва имрӯз ӯ  соҳиби обрўву эътибори ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва боиси ифтихор ва сарбаландии  тамоми тоҷикони рўйи ҷаҳон гардидааст.

Декабрь 29, 2015 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид