Ошкор ва пешгирии воридоти маводи пиротехникӣ
Душанбе, 14.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пеши роҳи воридот ва паҳн гардидани маводи пиротехникиро пешгирӣ намуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани як амалиёт дар роҳи мошингарди Конибодом-Хуҷанд воситаи нақлиёти тамғаи «Опел- Зафира» таҳти идораи шаҳрванд Зафар Мансуров, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд барои муоинаи гумрукӣ боздошта шуд. Зимни гузаронидани муоинаи гумрукӣ аз дохили бордони воситаи нақлиёти мазкур аз дохили 48 қуттии калони картонӣ бо навиштаҷоти «Трения», «Чёрная смерт», ва «Цай ванн лэй» ба миқдори умумии 23 ҳазору 944 дона маводи тарфгарӣ дарёфт шуд.
Ин миқдор маводи тарфгарӣ ба шаҳрванд Икромбек Усмонов, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, ӯ ин миқдор маводро аз як шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи Аркаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҷои қарзаш гирифта, мехост ба шаҳри Хуҷанд бурда фурӯшад.
Мутобиқи ташхиси лабораторӣ маводи пиротехникии аз шаҳрванди номбурда гирифташуда аз моддаҳои таркандаи хатарнок сохта шуда, барои ҳаёт ва саломатии инсон хеле хатарнок ва зараровар мебошанд. Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Икромбек Усмонов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 эзоҳ-1 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристонида шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






