Ш.Абдуллоев: Хушкмеваи Суғд дар Русия бозоргир аст

Декабрь 7, 2015 11:49

        Хуҷанд, 07.12.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тараққиёту пешравии ҳар як давлат, пеш аз ҳама, бо рушди иқдисодиёти он ва ҳамзамон аз нишондиҳандаҳои содироту воридотии молу ашёи истеҳсолшаванда муайян мешавад.  Агар соҳаи саноат аз соҳаҳои афзалиятнок ҳисобида шавад, пас соҳаи кишоварзи соҳаи таконбахшу асосии таъмини аҳолӣ бо маводи ниези аввалия ба ҳисоб меравад.  Тоҷикистон, ки худ мамлакати офтобрӯяву аз ҷиҳати иқтисодӣ чун мамлакати аграрӣ ҳисоб мешавад, дар миқёси ҷаҳон асосан бо маҳсулоти кишоварзии худ, чун тармеваву хушкмеваҳо  маълум гаштааст. Дар ин замина, оид ба масоили нишондиҳандаҳои содиротии маҳсулоти соҳаи кишоварзии шимоли кишвар, нақшаҳо  ва ҳамчунин то кадом андоза он дар ғанигардонии буҷаи давлатӣ нақшгузор аст, хабарнигори АМИТ “Ховар” дар Суғд бо  сардори Раёсати минтақавии рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  Шарифулло Абдуллоев ҳамсуҳбат гардид. 
        Зимни суҳбат Шарифулло Бобоҷонович изҳор дошт, ки дар самти иқтидори содиротии вилоят, дар қатори соҳаи саноат, инчунин соҳаи кишоварзӣ низ саҳми мусбат дорад.  Дар ин ҷода, баҳри беҳбудӣ бахшидан ба фаъолияти кишоварзӣ ва соҳибкорӣ, рушди ин соҳа, дар ин замина барои афзун гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ ва бо мақсади таъмини бозори дохилӣ ва зиёд намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ аз дохили кишвар ба давлатҳои хориҷӣ  аз ҷониби ҳукумати кишвар ва мақомоти вилоятӣ ҳамасола тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.    Аз ҷумла, соли 2014 дар миқёси вилоят тибқи дастуру супориши Сарвари давлат ва раиси вилоят дар соҳаи кишоварзӣ, азнавташкилдиҳии кооперативҳои кишоварзӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонии калонҳаҷм мавриди таҷдид қарор гирифт. 
       Тибқи маълумоти оморӣ то 1 октябр аз 2991 хоҷагии калонҳаҷми ба таҷдид фарогирифташуда  61,2 ҳазор хоҷагии нави оилавии инфиродӣ таъсис дода шуданд. 
       Бояд гуфт, ки тадбири андешида аллакай соли равон дар бозорҳои вилоят натиҷаи худро дар қиёс бо чанд соли охир баръало нишон дод. Пастравии нарх имкон фароҳам овард, ки ҳатто коргоҳҳои консервабарорие, ки кариб фаъолияташон ба нестӣ расида буд, маҳсулот харидорӣ намуда, аз нав ба фаъолият шурӯъ намоянд. Аз ҷиҳати дигар, ин раванд имкон фароҳам овард, ки дар тӯли ду соли охир истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфта, он заминагузори рушди босуботи  соҳаи кишоварзӣ гашт.  Агар ба нишондиҳандаҳои омории макроиқтисодии соҳаи кишоварзӣ ва хосатан, паҳлӯи содиротии он нигоҳ кунем, дар тӯли чанд соли охир он дар вилоят тамоюли афзоишро дорад.  
       Новобаста аз оне, ки оғози фасли баҳори соли равон дар вилоят сардтар омада, қариб 95%-и заминҳои маҳсулоти серхаридори содиротӣ-зардолуро нобуд сохт, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  то 1 октябр ба маблағи 3,8 млрд. сомонӣ иҷро гардида, ин нишондиҳанда нисбат ба 9 моҳи соли гузашта ба 105% расид, ки худ бозгӯи афзоиши иқтидори содиротии вилоят аст. 
       Гарчанд дар маҷмӯъ  дар тавозуни воридотию содиротӣ ё гардиши хориҷии вилоят пастравӣ дида шавад ҳам, лекин тӯли солҳои охир бори аввал аст, ки иқтидори содиротии вилоят нисбат ба соли гузашта суръати рушди он 126,5% ро ташкил дод. 
      Ин худ бозгӯи он аст, ки нисбат ба 9 моҳи соли соли гузашта имсол 26,5% содироти мол аз миқёси вилоят зиёд гаштааст.  
        Дар умум дар нуҳмоҳаи соли равон аз вилоят 49 ҳазору 204 тонна хушкмева содирот шуд, ки арзиши гумрукии он зиёда аз 10 млн. доллари ИМА -ро ташкил дод. 
     Ҳамчунин бояд гӯям, ки агар истеҳсол кардани маҳсулот яке аз самтҳои афзалиятноки кор бошад, самти дигари он- ин дарёфт кардани бозори истеъмолию  талаботӣ ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, имрӯз соҳибкорони вилоят бо якчанд минтақаҳои Русия шартномаи дутарафа оид ба содироти маҳсулоти кишоварзӣ дошта, ҳоло  хушкмеваи Суғд дар 12 минтақаи Русия ва давлатҳои ҳамсоя, чун Қазоқистону Қирғизистон ва Чин ҷойгоҳи худро пайдо намудаанду содирот мешаванд.  Боз як хушнудии ин натиҷаҳо дар он аст, ки соли равон дар қатори чанд намуди тармеваву хушкмеваи содиротӣ, соҳибкорони вилоят дар бозори давлати Чин гелоси Суғдро муаррифӣ намуданд, ки он низ ҳоло харидори худро пайдо карда истодааст. Дар ин замина, соҳибкорони шаҳри Исфара маҳсулоти хушкмеваи худро то мамлакатҳои Аврупо, чун Олмон, Полша ва Чехия интиқол дода истодаанд, ки ин худ боз як далели серхаридор будани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар мамолики хориҷӣ мебошад. 
         Дар ин замина, дар солҳои наздик барои боз ҳам зиёд намудани маҳсулоти содиротии кишоварзӣ аз ҷониби роҳбарияти вилоят боз як зиминаи воқеӣ гузошта шуда истодааст, ин дар мавзеи шаҳраки нав — Сайҳун ташкили боғҳои нави интенсивӣ, аз қабили парвариши меваи сиёҳолу дар майдони зиёда аз 100 га мебошад. 
     Федерасияи Русия аз давраҳои шӯравӣ яке аз майдонҳои васеи содироти моли кишоварзӣ, чун хушкмеваву консерваҳо ба ҳисоб рафта, мардуми ин кишвар бо маҳсулоти коргоҳҳову хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон таъмин мегаштанду, худ қимату сифати ин маҳсулотро хуб баҳогузорӣ мекарданд.       
        Баъдан, пас аз пошхӯрии давлати Иттиҳоди шӯравӣ ва бо гузашти солҳо бо сабабҳои кандашавии робитаи иқтисодӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ то андозае коҳиш ёфт. Вале дар чанд соли охир ин муносибатҳо аз нав барқарор шуда истодаанд. Далели ин гуфтаҳо, агар аз як тараф вазъи иқтисодию сиёсии мураккаби ҷаҳон ва таҳримҳои мамлакатҳои Аврупо нисбат ба Русия бошад, сабаби дигар- ин боз як бори дигар ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқу рақобатпазир будани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон аст.  
     Тавре ки худ огоҳед, ҷониби Русия, хосатан пас аз таҳримҳои давлатҳои ғарб ва ҳамчунин пас аз сардшавии муносибати он бо давлати Туркия, ки яке аз давлатҳои таъминкунандаи асосии бозори истеъмолии Русия бо маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб мерафт, бо як нигоҳи наве ба бозорҳои Тоҷикистон рӯ оварда истодааст. Дар ин замина дар шаҳри Маскав байни намояндагии сафорати Тоҷикистон ва узви Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, ҳамчунин директори иҷроияи Ассотсиатсияи миллии марказҳои яклухту тақсимотӣ ва роҳбари намояндагии маркази минтақавии АММЯТ оид ба масоили ҳамкории иқтисодӣ дуҷониба, хосатан иваз намудани маҳсулоти кишоварзии туркӣ, дурнамои рушди марказҳои яклухт ва тақсимотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқоли маҳсулоти кишоварзии тоҷикӣ ба Федератсияи Русия гуфтушунид доир гашт. 
     Албатта, талаботи шаҳрвандон ба маҳсулоти кишоварзӣ, новобаста аз сабабҳои объективию субъективии баамаломада, доимо боқӣ хоҳад монд ва дар ин вазъият соҳибкорони мо дар ҷойҳои холӣ метавонанд маҳсулоти худро муаррифӣ ва пешниҳод намуда, дар ин бозорҳо мавқеи худро ёбанд. Аз ин лиҳоз ман фикр мекунам, ки дар ин самт аллакай соҳибкорони мо корбарӣ  карда истодаанд ва он натиҷаи хуб хоҳад дод.    
    Бозгӯи ин гуфтаҳо- имзо шудани шартномаи ҳамкорӣ байни ҶДММ «Меваи тиллоӣ”- и шаҳри Исфара, ки чанде пеш дар намоишгоҳи байналмилалии саноати ғизо ва нӯшокӣ- «ПродЭкспо — 2015» дар шаҳри Мински Беларус ширкат дошт, бо ҶДММ «Товарно-сырьевая компания»-и шаҳри Санкт-Петербург мебошад, — гуфт дар анчом   Ш.Абдуллоев.

Декабрь 7, 2015 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН — ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Маркази омӯзиши пиряхҳо ҳамоиш баргузор шуд
Дар Бохтар конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» оид ба танзими ҷашну маросим ҳамоиш доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ — ҚОНУНИ АСОСӢ ВА САРЧАШМАИ ҲУҚУҚӢ». Дар Душанбе таҳти ин унвон конфронс доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 ноябр, шанбе, 307-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи сатҳи баланд оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 34-уми байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иштирок намуд
Дар Душанбе Форуми даҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун оғоз гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 20 дараҷа гарм мешавад