Ш.Саид: «Барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон саъю кӯшишҳои якҷоя мебояд»

Декабрь 16, 2015 04:36

Душанбе, 16.12.15. (АМИТ «Ховар»). — 15  декабр  раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон Шариф  Саид  ва  сафири  Ҳиндустон  дар  Тоҷикистон Бираҷан Прасад  дар  ҷараёни  мулоқот  дурнамои  ҳамкорӣ дар  бахши  тиҷорату  иқтисодиёт  ва  ҳамкории  миёни  палатаҳоро, ки ба  фикри  мусоҳибон   бояд  густариш дода шаванд, мавриди  муҳокима  қарор доданд.
Қобили  зикр  аст, ки  байни Тоҷикистону  Ҳиндустон Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ  оид ба  ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодӣ  ва илмию  техникӣ  фаъолият  дорад. 
«Барои  татбиқи  лоиҳаҳои   муштарак  дар  бахшҳои  мухталиф имкониятҳои  бузург мавҷуданд, ки барои  амалӣ  шудани онҳо  бояд якҷоя  саъю  кӯшиш  намуда,  ҳамкории   бахши  инфиродии  ҳар  ду  кишвар  вусъат  дода шавад»,  —  гуфт  раиси ПСС ҶТ. 
Дар  баробари  ин,  дар  Тоҷикистон  барои  ҷалби   сармояҳои  хориҷӣ,  дастгирии   сохторҳои  бозаргонӣ  ва рушди   низоми  тиҷоратӣ  ва молиявию  бонкӣ шароити  мусоид  фароҳам оварда шудааст.  Ш.Саид ҳамчунин   пешниҳод  намуд, ки  масъалаи ташкили  Шӯрои  аҳли тиҷорати «Тоҷикистону Ҳиндустон»  таъсис  дода, намояндагиҳои  муштараки  тиҷоратию иқтисодӣ  ташкил  карда шаванд. 
Ёдовар  мешавем, ки  имсол  дар  шаҳри  Душанбе,  ҳамчунин  дар  вилоятҳои  Хатлону  Суғд шаш намоишгоҳи амволи Ҳиндустон  доир  гардид.

Декабрь 16, 2015 04:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!