Ширкати С.Аслов дар мулоқоти кории вазирони кишварҳои узви СААД
Душанбе, 4.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 3 декабри соли 2015 дар шаҳри Белгради Сербия вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқоти кории вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дар ҳошияи Иҷлосияи 22-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардид, ширкат кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба бандҳои рӯзномаи иҷлосияи Шӯрои вазирони САҲА ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштрак, аз ҷумла раванди татбиқи қарорҳои нишасти сарони давлатҳои узви СААД (Душанбе, сентябри 2015) мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот лоиҳаи изҳороти муштараки вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД зери унвони “Нақши САҲА дар сохтори амнияти умумиаврупоӣ” мувофиқа ва қабул гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






