Суди ноҳияи И.Сомонӣ: Таъйини ҷарима барои риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Очилдиева Мастура Тошмирзоевна бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод. Маълум гардид, ки номбурда модари ноболиғ — Очилдиев Фазлиддин Мирзоевич уҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанд ба таври дахлдор иҷро накарда, бо ин кирдораш талаботи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро вайрон ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии пешбиникардаи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро содир намудааст.
Чунончи фарзандаш Очилдиев Фазлиддин Мирзоевич аз соли 2009-ум то ин ҷониб ба таълим фаро гирифта нашуда, дар хатсайри №22 ба фаъолияти маблағғундорӣ, яъне «кондукторӣ» машғул шудааст. Фазлиддин қаблан дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст.
Очилдиева Мастура Тошмирзоевна худро гунаҳгор шуморида, баёнот дод, ки аз сабаби танқисии рўзгор, бекор ва бемор будани шавҳараш аз соли 2009-ум то ин ҷониб ба таълим фаро гирифтани фарзандаш Очилдиев Ф.М.-ро таъмин накардааст.
Мутобиқи моддаи 8 сархати 18 ва моддаи 9 сархати 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — падару модар уҳдадоранд ба ҷалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ў зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мўътадили ҷисмонӣ ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иҷозат надиҳанд ва ба таълим фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ў дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд.
Бо қайди ин ҳолатҳо, кирдори Очилдиева Мастура Тошмирзоевна бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тарафи падару модар иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбияи фарзандони ноболиғ тасниф карда мешавад.
Очилдиева Мастура Тошмирзоевна бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо (120 сомонӣ) ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






