Суди ноҳияи И.Сомонӣ: Таъйини ҷарима барои риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Декабрь 21, 2015 11:05

Душанбе, 21.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати Очилдиева Мастура Тошмирзоевна бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ  қарор дод. Маълум гардид, ки  номбурда модари ноболиғ — Очилдиев Фазлиддин Мирзоевич   уҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанд ба таври дахлдор иҷро накарда,  бо ин кирдораш талаботи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро вайрон ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии пешбиникардаи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро содир намудааст.
           Чунончи фарзандаш Очилдиев Фазлиддин Мирзоевич аз соли 2009-ум то ин ҷониб ба таълим фаро гирифта нашуда,  дар хатсайри №22 ба фаъолияти маблағғундорӣ, яъне «кондукторӣ» машғул шудааст. Фазлиддин қаблан дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст.
           Очилдиева Мастура Тошмирзоевна худро гунаҳгор шуморида, баёнот дод, ки аз сабаби танқисии рўзгор, бекор ва бемор будани шавҳараш  аз соли 2009-ум то ин ҷониб ба таълим фаро гирифтани фарзандаш Очилдиев Ф.М.-ро таъмин накардааст.
               Мутобиқи моддаи 8 сархати 18 ва   моддаи 9 сархати 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» — падару модар уҳдадоранд ба ҷалб намудани фарзанд ба корҳои хавфнок ва вазнини ба саломатии ў зараровар ва ҳамчунин дигар корҳое, ки ба инкишофи мўътадили ҷисмонӣ ва равонии фарзанд халал мерасонанд, иҷозат надиҳанд ва ба таълим  фаро гирифтани фарзандро таъмин намуда, ба таҳсили ў дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд.
           Бо қайди ин ҳолатҳо, кирдори Очилдиева Мастура Тошмирзоевна бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз тарафи падару модар иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба тарбияи фарзандони ноболиғ тасниф карда мешавад.
            Очилдиева Мастура Тошмирзоевна бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 3 (се) нишондиҳанда барои ҳисобҳо (120 сомонӣ) ба фоидаи давлат  таъйин карда шуд.

 

Декабрь 21, 2015 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш