Татбиқи лоиҳаи Visa International Service Association

Декабрь 18, 2015 05:43

Душанбе, 18.12.2015 (АМИТ «Ховар»).-Лоиҳа  оид ба иштироки ширкати Visa International Service Association дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ гардид. 
Аз ин ба баъд тамоми амалиёти ҳисоббаробаркунӣ бо истифодаи кортҳои пардохтии низоми пардохтии Visa International дар ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ — сомонӣ, яъне бе гузаронидани амалиёти иловагии мубодилаи асъор иҷро мегарданд.
Бояд зикр кард, ки то ин замон ҳангоми истифодаи кортҳои пардохтии низоми байналмилалии Visa International ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ ва хориҷ намудани маблағ аз суратҳисоби кортии харидор бо мубодилаи асъор анҷом дода мешуд. Ҳол он, ки ҳисоббаробаркунӣ дар муассисаҳои савдою хизматрасонии кишвар бо пули миллӣ амалӣ мегардид. Баъди анҷом додани амалиёти мубодилаи асъор фарқияти назаррас байни маблағи ба таври нақд харидшуда ва маблағи бо истифодаи корти пардохтӣ иҷрогардида ба амал меомад. 
Бо мақсади ҳалли мушкилоти зикргардида Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз моҳи сентябри соли ҷорӣ Созишномаи ҳамкорӣ оид ба иштироки ширкати байналхалқии Visa International Service Association дар низоми миллии ҳисоббаробаркуниҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонид. 
Аз 16 декабр  сар карда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми анҷом додани хариду фурӯши мол ва хизматрасониҳо бо истифодаи кортҳои Visa International дар қаламрави ҷумҳурӣ нақши бонки ҳисоббаробаркуниро иҷро менамояд.
Мавриди амал қарор гирифтани лоиҳаи мазкур барои зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, татбиқи воситаҳои муосири электронии пардохт, аз қабили кортҳои пардохтии бонкӣ, оммавӣ гаштани ин воситаи муосири пардохт дар байни аҳолии кишвар ва барои устувории низоми пардохти миллӣ мусоидат менамояд. 

Декабрь 18, 2015 05:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд