Зулм на танҳо болои сари зани афғон, балки болои кӯдак, пиру ҷавон ва мардони Афғонистон аз ҳарвақта бештар аст!

Декабрь 25, 2015 12:14

Душанбе, 25.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Тибқи иттилои Дафтари ҳуқуқи башар дар чор моҳи аввали соли 2015 1396 нафар аз занони афғоне, ки мавриди хушунат қарор доранд, сабти ном шудаанд. Яке аз масъулини Ҳуқуқи башар дар мусоҳибаи матбуотии худ эълон доштааст, ки се моҳи нахусти соли равон 57 нафар зан ба қатл расонида шудааст, ки ин омор бисёр нигаронкунанда аст.  Фоҷеа ин аст, ки ҳама ин ваҳшоният аз номи дини мубини ислому бо фатвои бархе аз нобакорон анҷом дода мешаванд ваонҳо худро ҳомии дин мешуморанд.

        Куштори  пайвастаи занони ҳамсоякишвари  мо- Афғонистон моро низ бетараф гузошта наметавонад. Атрофи ин масъала суҳбате доштем бо бародари Фархунда, афғондухтаре, ки соле пеш ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуд, намояндаи бахши тиҷорати Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Муҷибулло Маликзода.

 

Чаро хушунат ва қатли бепояи занон  дар Афғонистон бештар мегардад?

 

       «Қатли ваҳшиёнаи Фархунда  ҳодисае буд, ки ба марду зан тааллуқ надошт, ҳодисае буд, ки мо наметавонем ба чизе ӯро иртибот диҳем. Ҳодисае буд аламнок, дарднок, қобили таъбир нест, як ҳодисае буд, ки аз ҷониби чандин нафароне, ки шояд огоҳӣ на аз дин доштанду на аз илму маърифат ва намефаҳмиданд, ки чӣ кор карда истодаанд. Ҳеҷ кас бо зан душманӣ надорад, чаро ки зан модар аст, зан хоҳар аст, зан ҳамсар аст, яъне зан замире ҳаст, ки аз ӯ инсоният ба вуҷуд омадааст.  Чаро дар ҷо- ҷойи дунё болои зан хушунат аст? Далелаш дар чист? Ягона далел- ин надонистани ҳуқуқи худ ва дигарон мебошад, дигар далел ин иқтисод аст.  Ҳангоме ки марде барои кор кардан ба ҷойе меравад, то маблағе барои оилаи худ ба даст биёрад, аммо ба хона дасти холӣ бармегардад, дар ин ҳол аз оилаи худ қасд мегирад. Акнун шумо бубинед,  дар Ҷумҳурии Афғонистон тӯли 30 сол аст, ки ҷанг давом дорад. Чӣ гуна мардуми он ҷо илму маърифат омӯзанд? Худи ҷанг вайронгар аст, тамоми чизро аз пеши инсон мегирад, ҳатто ақлу ҳушу фаросати инсониро.  Вақте ҷанг аз ту дороӣ, иқтисод, таълиму тарбия ва фарҳангатро мегирад, инсон ба ҳама гуна ақидаи ботил бовар мекунад, чун майнаи сар холӣ аст, ҳар кори неку баде бошад, зуд қабул мекунад.  Яке аз бадбахтие, ки як сол пештар дар Афғонистон  сурат гирифт. ин қазияи Фархунда буд, ки ин ҳам таъсири ҷанг буд, чизи дигаре набуд. Мардум бекор, агар мардум  кор  кунанд, сари вазифа бошанд, фикрашон машғули коре бошад, вақт пайдо намекунанд, ки ба ин гуна амалҳои даҳшатбору нангин даст бизананд»,-гуфт Муҷибулло Маликзода

 

Мутаассифона,  қисме аз ҷомеаи шарқро хурофот домангир аст

        

«Ягона мушкилӣ дар ҷомеаи мутамаддин хурофот  аст. Дар ҷомеаи шарқӣ хурофот бениҳоят зиёд аст. Қариб аксар минтақаҳои дунё даргири хурофотанд.  Бадбахтона, мушкил дар он аст, ки баъзе минтақаҳо инро ба дин  рабт медиҳанд, вале дар асл ин ба дин рабте надорад.  Хурофот дар дин ҷой надорад. Навоварӣ дар дин, як чизро ба дин ворид кардан  аслан дар ҳеҷ ҷойи дин гуфта нашудааст.  Ин мафкураи танги худи инсонҳост ва ҳамин андешаҳои мухталиф боис мегарданд, ки  зулму таҳдиду ҷафоро ба якдигар раво донанд. Замоне, ки  шерозаи иҷтимоии  як ҷомеа бишканад, ин шероза ҳамин ҳолатҳоро ба вуҷуд меорад ва ин ҳолат ношӣ аз ҷанг аст. Ягона далели ин қадар бадбахтӣ дар Афғонистон ҷанг аст. Агар мо Тоҷикистону Афғонистонро муқоиса кунем, мардуми афғон ба фарҳангу анъанаи халқи тоҷик  бисёр наздик  ҳастанд. Ҳоло дар Тоҷикистон сатҳи иқтисод паст аст, даромад ба хонаводаҳо камтар аст, ин вобаста аст ба бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ. Чаро дар Тоҷикистон  хушунат камтар ба назар мерасад? Далели ин  оромӣ ва ҳокимияти давлат дар сартосари мамлакат аст. Агар  дар як минтақаи Тоҷикистон мушкиле пеш ояд,  мардум дастрасӣ  ба давлат доранд ва  метавонанд мушкилии худро ҳал кунанд. Аммо ин ҷанг аст, ин ҷанги  терроризму ҷанги таҳмилӣ аст, ки болои мардуми Афғонистон  таҳмил шуда, инҳоро аз давлати машруъ , аз давлате, ки бо хуни худ он давлатро  интихоб кардаанд, дур сохтааст. Ин ҳодисаҳо дар марказҳои давлатӣ иттифоқ намеафтанд,  дар ҷое иттифоқ меафтанд, ки  дар  он ҷо ҷанг аст, дар он ҷо ҳокимияти  қонун ҳеҷ вуҷуд надорад, 20 — 30 нафар террорист ҳар чизе ки дилашон хост, мекунанд. Ҳеҷ ҷое аз давлати Афғонистон дар тӯли ин ҳама солҳо аз газанди ҷанг  дар амон набудааст.

      Агар баргардем сари қазияи Фархунда, мардум суол мекунанд, ки чаро  ин ҳодиса дар як километрии  давлати Афғонистон ё худ наздикии Қасри раёсатҷумҳур иттифоқ афтод? Ба хотири он ки дар ҳамин сана бояд мақомҳое, ки он ҷо ҳузур доштанд, чӣ сарбоз буд, чӣ афсари полис, ҳар кас,  ки буд. онҳо дарк аз авзо накарданд ва ҳаққи Фархундаро ба ҳайси як инсон масъулияти худ надонистанд ва иқдом накарданд. Ба онҳо давлат маош медиҳад, тамоми  имконотро баробар мекунад, мегӯяд, вазифаи як полис аст, ки  аз ҳуқуқи шаҳрвандони Афғонистон дифоъ бикунад, магар дар он ҷо ӯ амал накард ба вазифае, ки ба ӯ супурда шуд, дар ин ҷо онҳо гунаҳгор буданд ва давлат ҳамаи онҳоро ба  додгоҳ  кашид.

      Аммо мо ба ҳайси оилаи Фархунда аз давлати худ, аз касоне, ки дар умури давлат ҳастанд, умеди ҳалли ин масъаларо дорем, худи ҷаноби раисиҷумҳур ба оилаи мо ваъда доданд, ки инҳо ба  пойи мизи маҳкама кашида мешаванд, ҳар касе, ки дар ин бахш гунаҳгор бошад, муқассир шинохта шавад, аз тарафи додгоҳ, аз тарафи қонун  муҷозот мешаванд. Мо интизори чунин муҷозот  аз тарафи давлат ҳастем, ки қонун риоя шавад. Мо медонистем, ки ҳар иқдоме  бикунем, масалан 10 000 нафар баромад, ҳамин 10 000 нафарро  мегуфтем, ки  шумо биравед, ҳар чизе ки ҳараҷ мараҷ  буд.  дар ҳамин шӯр биандозед, аммо не,  чун мо худро масъул ва побанд дар  муқобили қонуне, ки  як васиқии  миллии як кишвар ҳаст ва эҳтиром ба қонун  дорем ва тақозои мо аз мардуми Афғонистон, аз кулли милали ҷаҳонӣ ҳамин аст, ки  касоне, ки чунин ҷурмро  мекунанд, дар ҳар  ҷои Афғонистон мекунанд, бояд  онҳоро ба панҷаи қонун  бигиранду  биспоранд. Ин ягона тақозои мо аст, ки мунтазир ҳастем ва тамоми мардуми дунё дар қиболи чунин ҳаводис аст»,-иброз намуд Муҷибулло Маликзода. 

 

Лизо Акбарӣ ба чӣ «ҷурме» кушта шуд?

       

 «Аз расонаҳои хабарӣ шунидам, ки як духтар, корманди яке аз бахшҳои хориҷӣ тавассути нафаре кушта шуд. Мо низ иттилоъ надорем, ки бо кадом далел ба қатл расонида шудааст.  Шояд мардум тасаввур кунанд, ки ин як  ҳассосият дар муқобили зан аст. Яъне арҷе, ки зан, модар, хоҳарро гир кардӣ, ба қатл бирасонашон, аммо ин тавр нест.  Мардуми Афғонистон  дар кулл бо модар, хоҳар ва ҳамсари худ бениҳоят эҳтиром дорад, ин дар  тамоми дунё  исбот шудааст.  Аммо бояд як нуқтаи назарро зикр намоям, оне ки ин духтарро ба қатл расонидааст, як террорист аст. Террорист парвои зану фарзанд, миллату давлатро надорад. Агар террорист  бар муқобили тифли якрӯза ҳам, ки бошад, ӯ террорист аст»,-мегӯяд Муҷибулло Маликзода.

 

Мақоми зани тоҷик аз нигоҳи  Муҷибулло Маликзода

   

       «Бардошти ман дар давоми 8 моҳ чунин аст, ки роҳбари Тоҷикистон як инсони нек аст, як одаме аст, ки ҳуқуқи миллати тоҷикро бо назар ба қонуни асосии Тоҷикистон то ҳадде  бо гуфтору бо дидгоҳаш  амалӣ мекунад. Ӯ воқеан шахсияти  қобили эҳтиром ҳаст, шахсе аст, ки ҳар инсон  бо шахсияти чунин як роҳбар, ки дар орзуи оромиву осудагии  ҷомеаи худ ва мамлакати худ   бошад, меболад.  Зани тоҷик ягона хубиаш ҳамин аст, ки ӯ худбасанда аст, яъне такя ба худ дорад. Ин  бузургтарин дастовард барои зани тоҷик аст, вобастагӣ ба касе  надорад, яъне як зани тоҷик метавонад тиҷорат кунад, метавонад харидуфурӯш кунад, метавонад дар бозор дӯкон дошта бошад ва дар мақомот роҳбарӣ кунад. Мардуми дунё фикр мекунанд, ки дар Афғонистон як ҳодисае  ки рух дод, кулли ҳодисаҳоро ба он иртибот медиҳанд. Аммо дар асл ин гуна нест. Дар Афғонистон  мо беш аз 130 қозӣ дорем, дар бузургтарин мамлакатҳои исломӣ, мисли Афғонистон  қозӣ зан нест. 27%-и  Парлумони моро занон ташкил медиҳанд,  17% Маҷлиси  хибрагони моро занон ташкил медиҳанд. Дар сатҳи роҳбарӣ занони тоҷик низ мақоми  хуб доранд»,-дар идома гуфт М. Маликзода.

 

Фархунда мехост мактаби духтарона кушояд!

 

 Фархунда духтари чоруми оила буд, ки тақрибан 27 сол дошт.  Ӯ дар Кобули Афғонистон таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо  мактаби миёнаро 12 сол таҳсил карда, хатм намудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар Донишгоҳи устод Бурҳониддини Шаҳидӣ дар бахши риёзӣ таҳсилро идома дод, баъдан ӯ гуфт, ки ман мехоҳам қозӣ шавам, ҳарчанд мо гуфтем, ки худ гуфта будӣ, омӯзгор мешавӣ, боз чӣ сабаб шуд, ки мехоҳӣ қозӣ шавӣ, ӯ мегуфт, ба хотири он додситон мешавам, ки адолатро дар ҷомеа барқарор кунам, то ҳаққи мазлум аз золим бигирам. Фархунда ҳамчунин дар Донишгоҳи Дорул-улум дар бахши масоили исломӣ, ҳарчанд, ки фориғ аз таҳсил шуда буд, ба қадри имкон таҳсил намуд. Ӯ  мехост ҳар он чиро, ки дар андешааш аст, ба дигарон расонад. Ӯ хислатҳои бисёр олӣ дошт. Ҳамеша дастгирӣ аз фақирон  мекард.  Ҳарчанд сатҳи иқтисодиамон баланд набуд, аммо ӯ он либосеро, ки барои худ мехарид, ҳеҷ вақт дубора онро ба тан намекард. Падарам ба ӯ мегуфт; «Он либосҳоро бо пули зиёд мехариву  ба дигарон медиҳӣ», ӯ мегуфт; хайр мешавад, савоб мегирам.

      Дар вилоятамон чанд гектар замини холӣ доштем, Фархунда як рӯз аз падарам хост, ки он заминро ба ӯ диҳад. Падарам аз ӯ суол кард, ки барои чӣ?  Фархунда гуфт: «мехоҳам мактаби духтарона кушода, ба духтарон дарс бидиҳам. Падарам гуфт, чӣ гуна ман ин заминро ба ту дода метавонам, вақте дар ин замин барои мактаб сохтан иҷозат дода нашудааст? Фархунда коғазеро пеши падарам гузошту гуфт: «дар ин коғаз навишта кун, ки ин заминро ба хотири мактаби духтарона сохтан ба Фархунда додам», падарам хандида коғазро аз дасти Фархунда гирифт ва навишту гуфт, бигир ин замин аз ту. Дар ин ҳол Фархунда бисёр хурсанд шуда буд ва доимо мегуфт, акнун ба мақсадам мерасам. Ин ҳолат тақрибан се моҳ қабл аз марги Фархунда буд.

   Фархунда бисёр духтари равшанфикр буд. Ҳангоме ки ба кӯча мебаромад, тифли ятимеро медид, ё занеро, ки аз шавҳараш ҷудо шудаасту дар зиндагӣ азоб мекашад, умуман он бадбахтиву бечорагиеро, ки дар ҷомеа  медид,  водор мешуд,  амали неке анҷом бидиҳад»-. 

 

Омили асосии шаҳид шудани Фархунда…

      

«Ҳамон рӯз тақрибан соат 8-и  субҳ буд,  100 афғонӣ аз падарам барои харидани китобча гирифт, то ин ки ёддоштҳои худро дар он китобча нависад. Як хислати хоси худро дошт, аз дасти ҳеҷ яки мо пул намегирифт, барои ман падарам пул диҳад мегуфт, зеро  масъулияти хонаводогиро падарам ба уҳда дорад, на бародар. Падарам ба ӯ 100 афғонӣ дод. 

         Дорулмуаллимин мегӯем мо, ҷойгоҳе аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи  дониши муаллимҳо роҳандозӣ гардидааст, ки дар наздикии хонаамон буд. Фархунда ба он ҷо ба хотире мерафт, ки китоби Қуръонро дуруст хонад. Мо аз муаллимҳояш пурсон шудем, муаллими дарсдиҳандааш ҳамон рӯз наомада будааст,  Фархунда  ҳамон рӯз гуфтааст, ки ман меравам Фурм- донишгоҳе аст, ки Фархунда бояд сабти ном мекард.

Чизе ки аз гуфтаҳои мардум шунида будем.ю ин буд.

        Фархунда ҳангоми ҳимояи ҳуқуқи як зани афғон ба тӯҳмати марде гирифтор шуда. қурбонӣ гашт.

Яъне бемасъулиятиро намепазируфт. Дар ҳаққи занҳо бениҳоят кӯшиш мекард.  Фархунда ҳамеша мегуфт, ман бояд бинам, ки занҳо дигар муҳтоҷ набошанд, ба касе эҳтиёҷ надошта бошанд, талош мекард, ки занҳо бояд дониш дошта бошанд,  то аз  ҳуқуқи  худ бохабар  бошанд. Агар занҳо аз ҳаққу ҳуқуқи худ бохабар бошанд, ҷомеа гулу гулзор мешавад. Зан ҳастии асосии ҷомеа аст, ба хотири он ки зан дар аввал як модар аст, модар ташкилкунандаи як хонавода аст ва  агар ин хонавода як хонаводаи солим бошад, парвардаи дасти як зан аст. Як зарбулмасале ҳаст, ки «Пушти ҳар як марди муваффақ дасти як зани муваффақ аст». Ҳодисаи қатли Фархундаро ҷомеа наметавонад таъбиру тавсифу  таҳлилу таҷзия бикунад ё ба ӯ номе монад. Ин ҳодисаи ғайричашмдошт буд ва Худо  накунад, ки ин гуна ҳодиса дубора такрор шавад.  Ҳодисае буд, ки интизораш набудем. Мардуми Афғонистон  ҷомеаро бояд то андозае огоҳ созанд, ки мо шоҳиди чунин амал дар оянда набошем.

Интизори рӯзе ҳастем ки Худованд  оромиш, ободӣ, сулҳ дар сартосари ҷаҳон ва ҳампазириро дар сартосари ҷаҳон, бахусус дар Ҷумҳурии Афғонистон биёрад, зеро бениҳоят мардуми мо ранҷ кашидааст »-, гуфт Муҷибулло Маликзода.

 

Зулм болои кӯдак, пир ва ҷавони Афғонистон аз ҳарвақта бештар аст

     

«Дар тӯли чор даҳа мардуми Афғонистон он қадар ранҷу дард дидаанд, ки қобили тавсиф нест. То куҷо мардуми афғон дард бикашад? Имрӯз мардуми афғон дигар қуввати таҳаммул кардани дардро надорад. Ҳоло сартосари Афғонистон дард шудааст. Баъзе расонаҳо мегӯянд, ки ҷафову зулм танҳо болои зан аст, шумо инро фаромӯш накунед, ки зулм болои кӯдак, пиру  ҷавони Афғонистон имрӯз бештар шудааст.  Ҷавонҳои мо аз бекорию бадбахтию ҷанг фирорӣ шуда. ба дигар давлатҳо мераванд»,-дар идомаи суҳбат зикр намуд Муҷибулло Маликзода.

 

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон  давои Тоҷикистон аст !

 

    «Ман  чунин як хосият дорам, агар ба хурдтарин ҷой ҳам   биравам,  аввал каме мехонам дар бораи ҳамон минтақа, дар бораи шахсони  ҳамон минтақаи рафтаам. Дар бораи Тоҷикистон, ин кишвари ҳамсояву дӯст низ ҳамчунин бисёр хондааму бисёр медонам. Вале агар дар бораи шахсиятҳо бошад, ҳаминро мегӯям, ки аз Ҷаноби Раисҷумҳур хотироти хубе дорам, ки агар соатҳо ҳарф занам. кам аст.    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «давои» Тоҷикистон аст. Ҳаминро  бояд бигӯям, ки  ман ба бародарони тоҷик  гуфтам, ки Шумо ҳамин амнияту оромиро ғанимат донед, боз ҳам муттаҳид бошед. Ба хотири он, ки  сарнавишти Ироқу Сурия имрӯз барои аҳли сайёра дарси ибрат аст, зеро муттаҳиду сарҷамъ набудану ба равияву гурӯҳҳо ҷудо шудан онҳоро ба чунин ҳолати сангин овардааст.  Дар  ҳеҷ ҷои дунё  касе  намедонад ва ҳам наметавонад, ки чӣ гуна он ҳама бадбахтиро аз  рӯзгори онҳо бартараф созад. На Созмони Милали Муттаҳид, на ҷомеаи байналхалқӣ ва на худашон наметавонанд, ки осудагиву оромии дубораро баргардонанд. Ба  ин мазмун мо як зарбулмасал дорем, ки  мегӯянд:

  Як сар сад сарро ҷамъ мекунад,  сад сар  як сарро не…»,-гуфт намояндаи бахши тиҷорати Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Муҷибулло Маликзода.

   -Ҷаноби  Олӣ,  Раисҷумҳури Шумо Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раҳбар аз назари  ман  як шахсияти  бисёр нек аст барои мардуми Тоҷикистон,  чаро, ки тавонист ин миллатро  сарҷамъ кунад, тинҷию оромиро дар ин кишвар ба пуррагӣ таъмин намояд.  Дар  ҳолати феълӣ  бубинед, ки дар чор тарафи минтақа оташ аст ва дар ин гуна вазъият ҳифзу нигаҳдошти сулҳу оромӣ кори саҳлу осон нест. Дар ин ҷо боз ҳам саҳми роҳбари кишвар хеле чашмрас намоён мегардад.  Як назари дигарам ин аст, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон мардуми бофарҳангу маданият ва тамаддунофару сулҳофаранд. Худашон  хубу бадро бештар мефаҳманд ва медонанд, ки чӣ бад  ҳасту чӣ чизи дигар ба некиямон   аст.  Онҳо метавонанд, ки бо як ҳамапурсӣ  худашон  дар кулли Тоҷикистон, бо як ҳамдилию  иттиҳод Ҷаноби Олиро ҷонибдорӣ намоянд, ки ин ниҳоят хуб аст. Мо  ҳамеша бо мардуми Тоҷикистон ҳамназар будем. Давлати  Афғонистон, мардуми Афғонистон кишвари дӯст, бародар кишваре буда, ки  ҳеҷ вақт мо  дар   самти равобит мушкилӣ надоштем ва  орзу мекунем, ки дар оянда ҳам мушкил надошта бошем.  Ҳамеша  дӯсту бародар бимонем, ки аз ин мо хеле ҳам хушҳол ҳастем. Таманно мекунем  оромию   осоиш ҳамвораву доимӣ бо мардуму миллати Тоҷикистон бошад, зеро  дар чунин ҳолат миллату мардуми Афғонистон ҳам  дар осоишу оромӣ зиндагӣ мекунанд.  Ин орзуи ман барои ҳама мардуми Афғонистон мебошад!!!»,-гуфт дар хатми суҳбаташ бародари Фархунда, намояндаи бахши тиҷорати Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Муҷибулло Маликзода.

 

Мусоҳиб Моҳинави Наврӯз

 

 

 

Декабрь 25, 2015 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад